• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳамдиёрони арҷманд, кормандони маҷмааи роҳу нақлиёт!

  Фарорасии ҷашни пурфайзи бостонӣ, Наврӯзӣ оламафрӯзро ба ҳамаи Шумо ва дар симоятон ба аҳли хонадон ва тамоми мардуми шарафманди кишварамон шодбош мегӯям. Дар ин рӯзи сайид - оғози сарсабзиву хуррамӣ ва дамидани нафаси гарми баҳорӣ ба хонадони ҳар яки Шумо тинҷиву амонӣ, хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пур аз файзу баракати наврӯзиро таманно мекунам.

  Таърихи пайдоиши Наврӯзро олимон ҳаргуна шарҳ медиҳанд. Танҳо гуфтаниам, ки Наврӯз ном гузоштани ин иди фараҳбахш аз ҳама ҷиҳат хеле рамзист. Онро рӯзи наву баробаршавии шабу рӯз, зиндашавии табиат ва арӯси сол медонанд зеро тамоми ин маъниҳоро Наврӯз дар худ нуҳуфтааст ва ин гувоҳ аз таърихи пайдоиши ин ҷашн аст.

  Имрӯз бо ифтихор мегӯям, мо, тоҷикистониён, хушбахтем, ки ин суннати дерина бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафии худ ба мо мерос мондааст. Барои ҳамаи кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва бахусус Тоҷикистони офтобӣ боиси фараҳмандист, ки ин ҷашни аҷдодӣ маҳз бо пешниҳоди Сарвари хирадманди давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва давлатҳои дӯсту бародар буд.

  Пас аз он, ки Наврӯз ҷаҳонӣ гашт, Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» дар қатъномааш қайд кард, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳо инаврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

  Ба қавли Сарвари давлат: «Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Инак пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз имкониятҳои бештаре фароҳам омадаанд, ки ба воситаи таҷлили ҳамасола ва пуршукуҳи Наврӯз суннатҳои волои онро, ки бархе аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, бо дастгирии доираҳои илмиву фарҳангӣ эҳё гардонанд ва ба оламиён собит намоянд, ки Наврӯз воқеан ҳам аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист».

 Эҳё кардани ҳунарҳои мардумӣ низ яке аз ҷузъҳои ин ҷашни бостонист ва маҳз ба хотири он Пешвои миллат соли 2018 - ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд,

 Ҳар сол вақте ки ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунем, баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли он айни муддао мебошад. Ба ин восита аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз, ки дӯстиву ҳамгироӣ ва авфи гуноҳҳо аст, огаҳӣ меёбем.

 Басе рамзӣ буд, ки дар рӯзҳои фарорасии фасли баҳор ва арафаи ҷашни Наврӯз Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари кишвари ба мо дӯсту ҳамфарҳанг Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои деринаи ҳамкориҳо ва дӯстии ду халқи ба ҳам наздики тоҷику ӯзбекро аз нав эҳё намуданд.

 Пас, Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун муноддии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин ҳамаи моро сӯи рӯзгори орому бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.

  Омадани баҳору Наврӯзро ҳамагон бесаброна интизоранд, вале мо, нақлиётчиёну роҳдорон, ин ҷашни баҳориро аз ҳама зиёд интизорем, зеро бо дамидани нафаси гарми баҳорӣ заҳматҳои мо паси сар мегарданду аз пайи ободии минбаъда мегардем. Яъне ташвишҳои роҳдорону роҳсозон ва нақлиётчиён камтар мегардад.

  Дар қатори дигарон кормандони шарафманди соҳаи нақлиёт низ ин ҷашни фархундаро бо як шаҳомату сарбаландӣ истиқбол мегиранд. Аз Наврӯз то Наврӯзи имсола роҳдорону роҳсозон, нақлиётчиёну роҳиоҳанчиён ва ҳавопаймоёни кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Анҷоми сохтмони роҳи Шӯрообод – Шоҳон, оғози расмӣ бахшидан ба сохтмони роҳи Ховалинг – Кангурт ва Балҷувон – Сарихосор, оғози сохтмони роҳи сесатҳа дар шаҳри Душанбе, таъмиру азнавсозии пулҳои қаторагузар, дар хатсайрҳои шаҳрӣ ворид кардани автобусу таксиҳои нав аз зумраи дастовардҳоеанд, ки аз Наврӯз то Наврӯз ноил гаштем. Ҳамчунин чандин хатсайрҳо кушода шуда, иншооти зиёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва бархи дигаре дар арафаи анҷомёбианд.

  Боварии комил дорам, ки Наврӯзи имсола низ барои мо пайки хурсандӣ меораду мо нақлиётчиёну роҳдорон дар ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тамоми вазифаҳои ба зиммагузоштаамонро бо сари баланд иҶро менамоем.

  Чун Наврӯз рӯзи наву рамзи тозагӣ аст, баробари фарорасии он гирду атроф, хонаву дар ва боғу киштзорҳоро тоза мекунанд. Пас, дар баробари ин қалбҳои мо ҳам бояд аз тамоми кинаву адоват ва фикрҳои сиёҳ соф гашта, аз меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ лабрез шаванд.

  Бо ҳамин таманниёти самимӣ бори дигар ҳамаи Шумо – кормандони шарафманди маҷмааи нақиёту роҳ ва кулли ҳамватанонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик мегӯям ва ба ҳамагон тансиҳативу рӯзгори обод ва муваффақияту пирӯзӣ хоҳонам

Наврӯзатон фирӯз бод!

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!