Дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, 3 август дар шаҳри Брест муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Беларус Сергей Матсуков мулоқоти корӣ доир кард.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати содда намудани раванди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар муддати кӯтоҳтарин низоми рақамии мубодилаи рухсатномаҳо барои интиқоли байналмилалии автомобилӣ ҷорӣ карда мешавад.
Татбиқи ин механизм имкон медиҳад, ки шаффофияти додугирифт ва истифодаи рухсатномаҳо таъмин карда, расмиёти маъмурӣ ва таъсири омили инсонӣ ба ин раванд коҳиш дода шавад, самаранокии назорати давлатӣ баланд бардошта, барои фаъолияти интиқолдиҳандагони ҳарду кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Дар айни замон, татбиқи системаи E-Permit ба мутобиқсозии расмиёти дохилии мо бо меъёрҳои муосири байналмилалӣ дар соҳаи рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат хоҳад кард.
Самти дигари муҳими ҳамкорӣ пешбурди муштарак ва рушди долони байналмилалии нақлиётӣ барои баромадан ба бозорҳои Аврупо номида шуд. Дар мулоқоти муовинони вазирони ду кишвар инчунин масъалаи мубодилаи таҷриба оид ба рақамикунонии соҳаи нақлиёт, ҷорӣ намудани системаҳои интеллектуалии нақлиётӣ (СИН), платформаҳои муосири иттилоотии идоракунии нақлиёт, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади тақвияти рушди соҳа Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро барои солҳои 2027-2030 таҳия намуда, онро дар ҷаласаи Комиссияи омехтаи нақлиётии Тоҷикистону Беларус муҳокима хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XIX Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ 28 июли соли 2026 дар шаҳри Брест баргузор гардид. Дар он ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва байниминтақавӣ муҳокима гардиданд. Роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар кооперасияи саноатӣ, соҳаҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ, нақлиёт ва логистика, алоқа ва рақамисозӣ, саноати сабук ва дорусозӣ, соҳаи иҷтимоӣ коркард карда шуданд.