Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МАРҲИЛАИ ДУЮМИ БАРНОМАИ РУШДИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ. Он нақшаи тадбирҳоро барои солҳои 2026-2028 пешбинӣ мекунад

Санаи нашр: 21-08-2026 Просмотрено: 4014

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амали Барномаи рушди нақлиёти барқиро дар ҶТ барои солҳои 2023-2028 тасдиқ намуд. Қарори дахлдор дар ин бобат 28 апрели соли 2026 таҳти рақами 218 имзо шудааст. Ин марҳилаи дуюми Барномаи мазкур мебошад, ки нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2026-2028 пешбинӣ  кардааст.

Нақша 9 нуқтаи асосиро дар бар мегирад, ки аз рӯи чор самт гурӯҳбандӣ шудаанд. Агар  зербандҳои алоҳидаро ба назар гирем, сухан дар бораи тақрибан 15 тадбири мушаххас меравад. Арзиши умумии татбиқи нақша 888 млн 48 ҳазор сомонӣ (тақрибан 95 млн доллари ИМА) - ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 105 миллиону 988 ҳазор сомонӣ аз шарикони рушд ва 782 миллиону 60 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ҷалб карда мешавад.

Тадбирҳои асосӣ ба фароҳам овардани шароит барои сармоягузорӣ, таҳияи заминаи меъёрӣ-техникӣ, рушди инфрасохтори барқпуркунӣ ва хизматрасонӣ, ташкили ҷамъоварӣ ва коркарди аккумуляторҳои истифодашуда, инчунин васеъ кардани парки электробусҳо нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла, дар солҳои 2026-2028 бунёди 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши нерӯи барқ барои нақлиёти барқӣ ба нақша гирифта шудааст: 555 дар шаҳри Душанбе, 200 адад дар ҷилояти Суғд, 200 адад дар вилояти Хатлон, 110 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ва 35 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Ба ин мақсад тақрибан 167 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, мақомот ният доранд, ки нуқтаҳои махсуси хизматрасонии техникии мошинҳои барқиро таъсис диҳанд. Ҳоло тибқи нақша дар Душанбе ду нуқтаи хидматрасонии мошинҳои барқии BYD Service фаъолият доранд. Дар марҳилаи дуюми барнома боз 10 адад чунин нуқта кушода мешавад. Калонтарин моддаи хароҷот ба омода ва ба кор андохтани 210 автобуси муосири барқӣ, ҳар сол 70 адад дар солҳои 2026, 2027 ва 2028 дахл дорад. Барои ин 714 миллиону 280 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло, тавре ки дар санад зикр шудааст, дар Душанбе 60 автобуси муосири барқии AKIA ULTRA ҳаракат мекунанд.

Блоки алоҳидаи нақша ба батареяҳои аккумуляторӣ бахшида шудааст. Мақомот нақша доранд, ки инфрасохторро барои ҷамъоварии батареяҳои истифодашуда, ҷудо кардани замин барои иншооти дахлдор дар минтақаҳо, инчунин таҳияи технологияҳои безараргардонии батареяҳо ва истифодаи дубораи онҳо  рушд диҳанд.

Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи миллии илмҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ширкатҳои энергетикӣ барои татбиқи нақша масъуланд. Вазорату идораҳо бояд ҳар сол то 15 январ дар бораи ҷараёни татбиқи нақша ба Вазорати нақлиёт маълумот фиристанд. Дар навбати худ, Вазорати нақлиёт муваззаф гадидааст, ки ҳар сол то 15 феврал ба Ҳукумати ҶТ дар бораи рафти иҷрои тадбирҳо маълумоти  пешниҳод намояд.