Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар Вазорати нақлиёт ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор шуд

Санаи нашр: 05-09-2026 Просмотрено: 3715

Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии идона доир гардид. Дар он кормандони дастгоҳи марказии вазорат, муассисаю корхонаҳои тобеи он ва собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.

Ҳамоиш бо иҷрои Суди миллии Тоҷикистон шуруъ гардид.

Сипас шикаткунандагонро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи роҳсозони кишвар, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ рост омадааст, табрику таҳният гуфт.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 нафар фаъолони соҳаи роҳу нақлиёт мукофотҳои давлатӣ тақдим гардиданд.  Мукофотҳоро аз ногми Пешвои миллат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Усмонзода супорид.

Ба як қатор пешқадамони соҳа ва шарикони рушд, аз ҷумла  мукофотҳои соҳавӣ –  медали «Барои саҳмгузорӣ», нишони сарисинагии «Роҳсози фахрӣ» ва ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати нақлиёт эъто гардид.

Дар охир ба ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.