Хабарҳо

slider_img
slider_img

ЭҲТИЁТ БОШЕД, ЧАНГУ ҒУБОР! Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагогни воситаҳои нақлиёт маслиҳат медиҳад

Санаи нашр: 11-09-2026 Просмотрено: 2714

Аз нимаи дуюми 11 сентябр то 13 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ афзоиши сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар аст. Дар ин бора маркази матбуотии  Агентии гидрометеорологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба хабари идораи ҳавошиносии кишвар, ба ин омилҳои метеорологӣ, аз қабили тӯфони хокӣ ва меғ (туман), ки аз ҷанубу ғарб ва ҷанубу шарқ меояд, сабаб мешаванд. Интизор меравад, ки дар ҳавои атмосфера миқдори зарраҳои муаллақ,аз ҷумла зарраҳои андозаи то 10 микрон (PM-10) ва то 2,5 микрон (PM-2,5) зиёд мегардад.Аз ин рӯ, табибон ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки аз сайругашти тӯлонӣ дар хиёбонҳо ва кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои  автомобилгарди дорои ҳаракати пуршиддат худдорӣ кунанд.

Ҳавои чангу ғуборолуд  махсусан барои кӯдакон, пиронсолон ва гирифторони бемориҳои дилу раг (фишори хуни шарён, норасоии қалбӣ ва бемориҳои роҳҳои нафас) хатарнок аст. Чунин вазъи ҳаво метавонад боиси дарди сар, тангии нафас, душворӣ ва ҳатто қатъи нафаскашӣ, инчунин  сабаби илтиҳоби луобпардаи чашм, бинӣ ва ҳалқ гардад.

«Ҷиҳати пешгирӣ гулӯ ва биниатонро бо маҳлули намакӣ бишӯед, — маслиҳат  медиҳанд табибон. —  Ҳангоми ба берун баромадан  пӯшидани ниқоби докагии тиббӣ зарур аст. Ниқобро тар кардан беҳтар аст».

Чангу ғубор барои ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, бехатарии ҳаракат ва саломатии  мусофирону пиёдагардон мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунад. Хоки роҳ, хусусан хоки дорои зарраҳои дурушт (квартс, оксидҳои фулузӣ) ба муҳаррик ворид шуда, ба силиндрҳо, поршенҳо ва ҳалқаҳо зарар мерасонанд. Қисмҳои хок бо равған омехта шуда, филтри равғанро мебанданд ва ба болои он мезананд. Филтри ҳаво бо хок баста шуда, муқовимат ба  ҷараёни ҳаворо зиёд мекунад, ки ин ба  сустшавии и қувваи муҳаррик ва зиёд шудани истеъмоли сӯзишворӣ  боис мегардад.

Илова бар ин, олудагии шадиди ҳаво сатҳи бинишро паст мекунад ва ронандагонро водор месозад, ки масофаи байни мошинҳоро зиёд кунанд ва суръати  ҳаракатро коҳиш диҳанд.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагони воситаҳои нақлиёт чунин маслиҳат медиҳад:

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ОБУ ҲАВОРО ПАЙГИРӢ КУНЕД. Боварӣ ҳосил намоед, ки дар бораи тӯфони чанг дар масир огоҳӣ нест. Агар хатари чангу ғубори шадид вуҷуд дошта бошад, беҳтараш сафарро ба таъхир андозед.

ҲОЛАТИ ТЕХНИКИИ МОШИНРО БИСАНҶЕД. Чароғҳо, оинаҳои ду тараф ва шишаҳои пешу қафоро тоза кунед. Системаи ҳавотозакуниро бисанҷед: тирезаҳоро пӯшед ва реҷаи гардиш (ресиркулятсия)-ро ба кор дароред, то чанг ба кабина камтар ворид шавад.

ХУДРО АЗ ЧАНГУ ҒУБОР МУҲОФИЗАТ КУНЕД. Дар   ҳолати баландшавии сатҳи чангу ғубор аз воситаҳои муҳофизати шахсӣ истифода баред: айнак барои муҳофизати чашм, респиратор ё ниқобе, ки бинӣ ва даҳонро мепӯшонад.

СУРЪАТИ ҲАРАКАТРО ПАСТ КУНЕД. Ин назорату идораи мошинро беҳтар мекунад ва хатари садамаро коҳиш медиҳад. Дар шароити тӯфони хокӣ тавсия дода мешавад, ки бо суръати на бештар аз 30-40 км/соат ҳаракат кунед.

МАСОФАРО ТО МОШИНҲОИ ДИГАР ЗИЁД КУНЕД. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки сари вақт ба ҳолати ногаҳонӣ вокуниш нишон диҳед.

ЧАРОҒИ НАЗДИКРО ФУРӮЗОН КУНЕД. Ин намоёнии мошини шуморо дар гирдбоди чанголуд меафзояд. Чароғи дурро истифода набаред - он метавонад аз зарраҳои чанголуд аксандоз гардида, намоёниро барои дигар иштирокчиёни ҳаракат бадтар созад.

БА РОҲ БО ДИҚҚАТ НИГОҲ КУНЕД. Тӯфони чанг метавонад сӯрохиҳо, чуқуриҳо ё дигар монеаҳоро пинҳон кунад.

БА РОНАНДАГОНИ ДИГАР БОДИҚҚАТ БОШЕД. Дар чунин шароити обу ҳаво одамон баъзан ба таври кофӣ вокуниш нишон намедиҳанд, бинобар ин амалҳои онҳоро аз зери назар дур насозед.   

ҲАНГОМИ ҲАРАКАТ БО ТЕЛЕФОНИ ХУД ОВОРА НАШАВЕД. Тамаркуз ба роҳ дар шароити душвор муҳим аст.

ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲРО ҚАТЪИЯН РИОЯ НАМОЕД!