Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

САММИТИ ЯКУМИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ – КОРЕЯИ ҶАНУБӢ». Президенти Тоҷикистон нақлиёт ва ҳамбастагии байниминтақавиро яке аз самтҳои калидии ҳамкорӣ номиданд

Санаи нашр: 17-09-2026 Просмотрено: 3151

15-16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Кореяи Ҷанубӣ» бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея ташриф оварданд.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлати мо хабар додааст, дар фурудгоҳи Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Корея самимона пешвоз гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф ороста, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Корея арҷгузорӣ намуда, ба Маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии (некрополи) ин кишвар дар шаҳри Сеул гулчанбар гузоштанд. 

16 сентябр дар шаҳри Сеул мулоқот ва гуфтушунидҳои сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея, муҳтарам Ли Чжэ Мён масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду давлатро баррасӣ намуданд.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии худ бо Сарвазири ин кишвар хонум Хан Сон Сук мулоқот карданд. Дар оғози мулоқот Сарвари давлати мо иуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Рушд ва густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Кореяро мо яке аз самтҳои муҳими сиесати хориҷии худ мешуморем».

Ҷонибҳо рушди ҳамаҷонибаи дӯстӣ ва муносибатҳои гуногунҷабҳаро баррасӣ намуда, аҳамияти барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон ва рушди ҳамкориро дар  сиғаи «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» махсус зикр намуданд.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар чунин соҳаҳо, аз қабили саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиет, инчунин фаъолгардонии фаъолияти механизмҳои дуҷониба, аз ҷумла комиссияи муштараки Байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур дониста шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот ва гуфтушунидҳои сатҳи олӣ  миёни Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи  таълим ва тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи нақлиёт ва Еддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея ба имзо расиданд.

16 сентябр дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити якуми сарони давлатҳо дар  сиғаи «Осиёи Марказӣ –Ҷумҳурии Корея» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо ба ташаббуси Ҷумҳурии Корея – «Сиёсати нави шимолӣ» –  баҳои баланд дода, онро механизми муҳими таҳкими робитаҳои технологии Осиёи Марказӣ ва иқтисоди пешрафтаи Ҷумҳурии Корея номиданд.

«Дар ҷаҳони муосир, ки  босуръат тағйир ёфта, бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад, ҳифзи сулҳу субот мисли пештара авлавияти аввалиндараҷа боқӣ мемонад», – иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Қабули «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун зуҳуроти эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳифзи сулҳу субот ҳамчун арзиши умумиинсонӣ номида шуд.

«Дар баробари ин, талошҳои муштараки кишварҳои мо ба таҳкими асосҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои ҷаҳони муосир мусоидат хоҳанд кард», –  гуфтанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таваҷҷуҳ ба боз ҳам амиқтар кардани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташкили занҷирҳои устувори таъминот байни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея  зоҳир карда шуд.

Аз рӯи натиҷҳои ҳамоиш Эъломияи Сеул қабул карда шуд. Тибқи ин санад, аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёт кишварҳо ният доранд, ки ширкатҳои Кореяро ба сохтмон, навсозӣ ва идоракунии инфрасохтори Осиёи Марказӣ ҷалб кунанд.

Ғайр аз ин, дар эъломия сухан дар бораи рушди хатсайрҳои мултимодалӣ, марказҳои логистикӣ, бандарҳои хушк, рақамисозии расмиёти гумрукӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ба занҷирҳои ҷаҳонии таъминот меравад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки алоқаи ҳавопаймоӣ байни Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказиро низ рушд диҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин  дар Форуми тиҷоратию иқтисодии Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.

«Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз барои рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, рақамисозӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад, – таъкид  намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. –  Дар бист соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисоди миллии кишвари мо мо дар сатҳи қариб ҳашт фоиз таъмин гардид. Солҳои охир мо ислоҳоти ҳамаҷонибаро ба таҳкими суботи макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамисозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ равона кардем».

Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки танҳо соли гузашта ба иқтисоди миллӣ беш аз панҷ миллиард доллар сармоягузории хориҷӣ ва дуюним миллиард доллар сармоягузории дохилӣ ҷалб карда шуд. Дар айни замон дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз ҳафт миллиард доллар амалӣ карда мешавад.

 Бо назардошти иқтидори дар мамлакати мо мавҷудбуда Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд самтҳои калидиро барои ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманд пешниҳод намуданд, ки дар байни онҳо нақлиёт ва ҳамбастагии байниминтақавӣ зикр гардиданд.

«Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба баҳр дастрасии мустақим надорад, ба дастрасии устувор ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои баҳрӣ манфиатдор аст, – таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Дар робита ба ин, мо ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан диққати доимӣ медиҳем».

Мавриди зикр аст, ки мавзӯи алоқа ва ҳамбастагии нақлиётӣ ва логистика яке аз мавзӯъҳои асосии Саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Кореяи Ҷанубӣ» буд.  Ин нуктаро воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла «Российская газета», «Синьхуа», «Sputnik», «Yonhap», РБК, Economist.kg, Caravan-Info, Caliber.az, Gazeta.uz, АМИТ «Ховар», «Азия Плюс» ғайра махсус зикр кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ба ин самт ба он хотир тамаркуз карда шуд, ки он бевосита бо  истифодаи  иқтидорҳои минтақа ҳамчун маркази муҳими транзитӣ ва логистикӣ миёни Шарқ ва Ғарб алоқаманд аст. Кореяи ҷанубӣ ба афзоиши хатсайрҳои логистикӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор аст ва кишварҳои минтақа дар ҳамкорӣ бо Сеул имкони навсозии инфрасохтор ва ворид шудан ба занҷирҳои нави таъминотро мебинанд.