Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Сохтмони пули Кокул-Ойхонум оғоз мегардад

Санаи нашр: 05-05-2021 Просмотрено: 2465

5 майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе ҷаласа вобаста ба  масъалаҳои дастгирии ҳамкорӣ ва имкониятҳо барои рушди иқтисодии минтақавӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва бо тариқи маҷозӣ Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Карима Хамед Форёбӣ, масъулини вилоятҳои Хатлон ва Тахори ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Афғонистон, намояндагони Фонди Оғохон дар дохил ва хориҷи кишвар, шарикони рушд ва роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

   Зимни баромади худ Вазири нақлиёти кишвар қайд намуданд, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд ва бо дастгири ва сармоягузории онҳо Намояндагии Фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони пули шашуми байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар мавзеи Кокули ноҳия Фархор ва Ойхонуми вилояти Тахор оғоз мекунад.

    Мақсад аз сохтмони пулҳои байни ду кишвар ин таъмини инфрасохтори зарурӣ, рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, рафтуомади бемамонияти шаҳрвандон, табодули беҳтарин дастовардҳои Тарафҳо, таҷриба, хизматрасонӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бо ин тартиб баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияҳои ҳаммарз ва минтақаи ду кишвари дусту ҳамсоя мебошад.

   Қайд карда шуд, ки тадбири мазкур нақшаи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро дар самти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ дастгирӣ менамояд.