Рӯзи 20-21-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ, ЭКО) ва ҷаласаи 8-уми Кумитаи Роҳи оҳани Шӯрои ҳамоҳангсоз транзитӣ – нақлиётӣ баргузор гардид.
Пас аз соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соири соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, риштаи маҷмааи нақлиётӣ, равнақи тоза ёфт ва ин ҳамкориҳо сол аз сол тавсеаву нумӯ меёбанд.
Бо эҳтимому талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гашт.
Имрӯзҳо низ Ҳукумати кишвар ба ривоҷи маҷмааи нақлиёт, билхусус, роҳи оҳан, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳамин нукта дар ҷаласаи СҲИ низ таъкид гардид.
Дар ибтидо муовини аввали вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода изҳори боварӣ намуд, ки чунин нишастҳо имкон медиҳанд, то нуқтаҳои назари тарафҳо дар роҳи пешрафт наздик шуда, ҳусни тафоҳум ба даст ояд.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон инфрасохтори иқтисодиаш, бахусус соҳаи нақлиётро, бомаром инкишоф дода истодааст, ки дар тараққиёти иқтисодиёт ва болоравии сатҳи зиндагӣ мусоидати комил менамояд.
Маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавопаймоиро муттаҳид менамояд.
Маълумоти муфассал дар Ҳафтаномаи "Нақлиёт".

