Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2019 баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа навбатӣ муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибов Муҳаммад Ҳомидович аъзои ҳайати Мушовара, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаю корхонаҳои сохтори вазорат иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб маъруза кард.
Маълумоти муфассал дар Ҳафтаномаи "Нақлиёт".

