Имрӯз соати 9-00 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар нуҳмоҳаи соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2019 бо роҳбарии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибов Муҳаммад Ҳомидович оғоз гардид.


