• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи   Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ таҳти раёсати  раиси Комиссия вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор шуд.

  Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мутобиқи моддаҳои 18 ва 21 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2020, таҳти №551 тасдиқ карда шудаст.

  Комиссияи мазкур бо мақсади баррасии пешниҳодҳои марбут ба амалисозии рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ, баланд бардоштани сатҳи самаранокӣ ва мукаммалгардонии усулҳои хоҷагидорӣ, ҳифзи манфиатҳои ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, интиқолдиҳандагон  таъсис дода шуда, фаъолияти он доимоамалкунанда ва мақоми ҳамоҳангсоз ва дастаҷамъӣ  мебошад.

    Дар баргузории ҷаласаи Комиссия намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва интиқолдиҳандагон, ки тибқи  Низомномаи комиссия ба ҳайати он шомил мебошанд, иштирок намуданд.

  Дар ҷаласаи Комиссия масъалаҳои фарогирии нишондиҳандаҳои омории кори нақлиёти автомобилӣ тавассути роҳхату борхат, танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.