• Tajik
  • Русский
  • English

    Дар асоси Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии  “Фурўғи субҳи доноӣ...” аз 9 феврали соли 2019 № АП 1165 ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” аз 5-уми феврали соли 2020, № АП – 1335, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврўз”, тибқи банди 8-и Низомномаи Вазорати нақлиёти ҶТ фармоиши вазири нақлиёт содир шуд.

 

 

    Мутобиқи ин фармоиш, миёни кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ, муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати нақлиёт озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ...” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” баргузор карда мешаванд.

   Тартибҳои гузаронидани озмунҳо, ҳайати тадорукот, ҳайати ҳакамон оид ба баргузории озмунҳо ва ҷоизаҳои озмунҳо тасдиқ гардида воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт, корхонаву муассисаҳои тобеи он ҷиҳати иҷрои талаботи фармоиши мазкур муваззаф шудаанд.

    Даври ниҳоии озмунҳо 18-уми март дар толори “Роҳиоҳанчиён”- и КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” баргузор хоҳад шуд.