• Tajik
  • Русский
  • English

Рўзи 4-уми феврали соли равон дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи Шўрои бонувони Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, бонувони Дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.

 

Ҷаласаро вазири нақлиёт оғоз карда, иброз дошт, ки бонувон дар ҷомеаи имрўзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоию фарҳангӣ, бештар фаъолият менамоянд. Хушбахтона, дар Вазорати нақлиёт низ сафи чунин занони фаъол кам нест, ки дар ҳар мусобиқаи варзишӣ иштирок менамоянду номбардори вазорат мебошанд.  

Занҳои тоҷик дар пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии кишвари маҳбубамон саҳмгузор буда, барои таҳкими сулҳ, ваҳдат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо дили нарм ва азми қавӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш менамоянд.

Вазир ҳамчунин илова намуд, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми баланди занонро дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ карданд. Ин ҳама бори дигар гувоҳи он аст, ки Зан – Модари тоҷик як неруи бузурги созанда, тарбиятгари насли наврас, пешбарандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҳама давру замон буд ва ин рисолати шарафмандонаро идома хоҳад дод.

Баъдан, ҳангоми баррасии масъалаи якуми Улуғзода Лайло - сармутахассиси Раёсати нақлиёти рўизаминӣ ба ҳайси раиси Шўрои занони Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт интихоб гардид.