• Tajik
  • Русский
  • English

        Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  28 - уми декабри соли равон намояндаи ширкати Чиноии  Zhejiang Communication Constraction group. Co. Ltd. AVIC – INTC Project Engineering  Company Гуо Боханро ба ҳузур пазируфт.

Дар нишаст ҳамчунин муовини аввали вазир Раҳим Бобозода, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард Нуралӣ Арабзода, сардори шуъбаи сармоягузорӣ Суҳроб Одинаев ва дигар масъулини Вазорат ширкат варзиданд.

         Зимни вохӯрӣ   бо ширкати мазкур қарордоди “Лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод” марҳилаи дуюм, яъне сохтмони қитъаи  Тагикамар – Нуробод,  аз км 30+217 то км 75+600 , ба ғайри қитъа  аз  км 72+900 то 74+303, ки шомили марҳилаи 3-юм мебошад ва пули  дарози муваққатӣ бо роҳҳои аз ду ҷониб ба пул баранда аз ҷониби Азим Иброҳим ва  Гуо Бохан ба имзо расид.

 Лозим ба ёдоварист, ки  Лоиҳаи мазкур аслан аз се марҳила иборат буда,  марҳилаи якуми он сохтмони 30,2 км роҳи асосии Обигарм -Тагикамар аз км 0+00 то км 30+217 ва сохтмони нақбҳои Қандак бо дарозии 1,6 км ва Қарағоч бо дарозии 1,7 км, сохтмони  5 пули нав, таҷдиди 1 пул, сохтмони 28 истгоҳ, пиёдароҳ – 14860 м2 ва нишонагузории аломати роҳ 102,5 км - ро дар бар мегирад. 

Пас аз ба имзорасии қарордод Вазир бо ҷаноби Гуо Бохан мулоқот намуда, аз ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои мухталифи ҳарду кишвар ёдовар шуд. Вазир ҳамчунин  изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт анҷом хоҳанд ёфт.