• Tajik
  • Русский
  • English

Машварати 8-уми вазирони нақлиёти давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс (онлайн) 28 октябри соли 2020 баргузор гардид. Дар кори Машварат роҳбарияти 8 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Зимни вохўрӣ, бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти рушди нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалӣ дар кишварҳои аъзои СҲШ масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд:

-мусоидат дар истифодабарии технологияҳои рақамии, системаҳои интелектуалии нақлиёт ҳангоми ташкили ҳамлу нақли байналмилалӣ дар ҳудуди кишварҳои аъзои СҲШ;

-таъмини устувори кори нақлиёт дар шароити ҳолатҳои фавқулода, инчунин ҳангоми паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19;

-татбиқи муқаррароти Барномаи бисёрҷонибаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи нақлиёт ва логистика.

Дар рафти Машварат, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои судманд байни кишварҳои аъзои Созмон дар самти нақлиёт ва мусоидат дар таъмини рушди босуботи долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, инчунин ташкили фаъолияти ҳамоҳангшуда дар давраи эпидемияи коронавирус COVID 19, таклифу пешниҳодҳо манзур намуд. Аз ҷумла, бо мақсади соддагардонии раванди гузариши бор аз сарҳадот, ҷорӣ намудани системаи истифодабарии борхати электронии e-CMR ва варақаи рухсатномаҳои электронӣ, низоми идоракунии дороиҳои роҳ, роҳандозӣ намудани механизми ягона  ҷиҳати пешгирии эпидемияи коронавирус, ташкили фаъолияти боркашонии бемонеа тавассути кишварҳои аъзои Созмон, тақвияти ҳамкориҳо дар самти рушди хатсайрҳои байналмилалӣ ва логистика таклифҳо ироа гардиданд.

         Дар фарҷоми ҷаласа бо пешниҳоди Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дар соли 2021 дар кишвари мо гузаронидани Машварати навбатии Вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲШ, қарор қабул гардид.

Қобили қайд аст, ки соли 2021 СҲШ 20-солагии таъсисёбии худро таҷлил менамояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисии ин Созмони бонуфузро ба уҳда хоҳад гирифт.