• Tajik
  • Русский
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» (ПЛИН) - и Вазорати нақлиёт ғолиби озмуни «Дӯстии халқҳо» гардида, бо дипломи «Беҳтарин таҳиягари қисми конструктивии лоиҳаҳо дар соли 2020» сарфароз гардид.

Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дипломи мазкурро ба сардори КВД «ПЛИН» Валиҷон Махсумов тақдим намуда, изҳор дошт, ки, ба қавли бузургон «ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад гулдаста гардад». Дар ҳақиқат Валиҷон Махсумов дар муддати начандон калон тавонист корро дар Пажуҳишгоҳ ҷоннок намояду ба кор беҳтарин мутахассисонро ҷалб созад. Ин, албатта, аз қобилияти кордонӣ ва ташкилотчигии роҳбар вобастагии калон дорад. Мо итиминон дорем, ки ин муваффақияти ягонаи Пажуҳишгоҳ набуда, ҳанӯз ҳам музафариятҳоро боз ба даст хоҳад овард ва ба аҳли кормандон бурдбориҳо тамано дошт.

КВД «ПЛИН» иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ – лоиҳакашии иншооти «Сохтмони роҳи автомобилгард аз деҳаи Ваҳдат то деҳаи Кокули вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони пули мошингузари овезон болои рудхонаи Панҷ, ба тарафи деҳаи Ойхоними вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» - ро бо муваффақият ба анҷом расонда, лоиҳаи мазкурро ба озмун «Оид ба интихоби беҳтарин таҳиягари ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар соли 2020» пешниҳод намуд. Озмун аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Дӯстии халқҳо» таъсис гардид.  Тибқи қарори комиссияи озмун аз 22 декабри соли 2020  дар он  КВД «ПЛИН» - и Вазорати нақлиёти кишвар ғолиб омада, бо дипломи «Беҳтарин таҳиягари қисми конструктивии лоиҳаҳо дар соли 2020» сарфароз гардид.

Сардори корхона Валиҷон Махсумов изҳор дошт, ки ин муваффақият боиси ифтихори мост, вале ин муваффақияти ҳамаи коргарони корхона буда, саҳми роҳбарияти Вазорати нақлиёт хеле калон аст. Аз номи аҳли кормандон барои дастгириҳо ба Вазири нақлиёт муҳтарам Азим Иброҳим арзи сипос мегӯем ва итминон дорем, ки бо истифода аз тамоми имконот корҳоро пеш бурда, ба муваффақиятҳои аз ин ҳам баландтар ноил мегардем.

Бояд қайд кард, ки имрӯз сафи мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҷавон дар Пажуҳишгоҳ зиёд гардида, онҳо аз шароити кор ва музди меҳнаташон қаноатманданд, ки ин дилгармиашонро нисбати кор боз дучанд мегардонад.