• Tajik
  • Русский
  • English

     Имруз (03.02.2021с.) бо иштироки Роҳбарияти вазорат ва намояндагони васоити ахбори омма Нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти соҳаи нақлиёту роҳ дар соли 2020 баргузор гардид.

    Нахуст вазири нақлиёти кишвар мӯҳтарам Азим Иброҳим, намояндагони васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, кори нишастро оғоз намуданд. Намояндагони Васоити ахбори омма ба саволҳои худ аз ҷониби Роҳбарияти вазорат посухҳо қаноаткунанда гирифтанд.