• Tajik
  • Русский
  • English

      Санаи 19.03.2021 бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар рафти таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз” дар  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ (№АП1165 аз 9.02.2019 ва №АП1335 аз 5.02.2020),  байни кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ, муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорат озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур иштирокдорон аз рӯи номинатсияҳои зерин бо истифода аз донишу малакаи хеш қувваозмоӣ намуданд:

 “Фурӯғи субҳи доноӣ...”: Аз ёд кардану хондани асарҳои адибони классику муосири тоҷикону ҷаҳон ва аз ёд кардану хондани ашъори шоирони тоҷику ҷаҳон.

 “Тоҷикистон ватани азизи ман”: Суруди беҳтарини эстрадӣ ё анъанавӣ, навозандаи беҳтарин ва рақси беҳтарин.

       Дар озмун намояндагон аз сохтори Дастгоҳи марказӣ ва муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати нақлиёт ширкат варзиданд.

       Истеъдоду малакаи иштирокчиёни озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ шуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.