• Tajik
  • Русский
  • English

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 - уми октябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Дар ҷаласа вакилон лоиҳаи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима ва баррасӣ  ва аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Дар иҷлосия дар баробари масъулини дигар ниҳодҳои дахлдор вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири нақлиёт дар  хусуси лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионӣ, Кодекси гумрук ва баъзе  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, баромад намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе диққати махсус дода шуда, дар баробари ба истифода додани автобусу троллейбусҳои нави замонавӣ  низоми электронии пардохти роҳкиро ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, бо истифода аз ин таҷриба низоми электронии пардохти роҳкиро дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар низ пешбинӣ шудааст.

Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки имрӯз ба як қатор табақаи гуногун  барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ имтиёз муқаррар шудааст. Ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба маъюбон, кӯдакон, собиқадорон, вакилони мардумӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

 Бо назардошти ин ва бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизматрасонӣ ба шахсони имтиёздошта зарурияти қабули Тартиби ягонаи ҷуброни хароҷоти шахсони алоҳидаи имтиёздор барои истифода аз нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ба миён омад.

Бо ин мақсад Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули Тартиби ягона ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳод намудааст, - гуфт вазир ва чанд Кодекс, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷумҳуриро номбар кард.

Мавриди зикр аст, ки ба ҳамаи қонунҳои амалкунанда  танҳо ҷумлаи “Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд”  дар шакли якхела илова шудааст,- гуфт Азим Иброҳим.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки баъд аз қабули лоиҳаҳо Тартиби ягонаи ҷуброни хароҷоти шахсони алоҳидаи имтиёздор барои истифода аз нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, ки масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳоро ба категорияи шахсони  имтиёздор ба танзим медароранд, таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ки корҳо дар ин самт аллакай оғоз ёфтаанд.