Рӯзи 18-уми июни соли равон гуруҳи корӣ барои дидан ва баррасӣ намудани лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Ваҳдат - Рашт - Лахш - сарҳади Қирғизистон, км 72-158” ба ноҳия Рашт сафар карданд.
Ба гуруҳи корӣ муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ноиби Бонки Аврупоии таҷдид ва Рушд Шексин Чен муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо Арабзода Нуралӣ ва дигарон шомил буданд.
Кормандони Вазорати нақлиёт намояндагони бонкро ба лоиҳаи мазкур аз наздик шинос намуда, дар бораи ҳар як қитъа ба онҳо маълумот доданд. Муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб ҳайатро ба харитаи лоиҳа шинос намуд, ки дар он ҳамаи малумоти марбут ба барнома дарҷ ёфтааст. Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки ин роҳ яке аз роҳҳои байналмилалие мебошад, ки Тоҷикистонро ба давлати ҳамсоя мепайвандад ва барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтани мамлакат низ аҳамияти муҳим дорад. Барои ҳамин мутахассисон бояд дар бунёду таҷдиди он ба хатогӣ роҳ надиҳанд.
Маълумоти муфассал дар Ҳафтаномаи "Нақлиёт".


