Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 92 – юмин солгарди “Иди касбии роҳсозон” маҷлиси бо тантана баргузор гардид.
Нахуст муовини якуми Вазири нақлиёти кишвар Мирзозода Суҳроб Бегмат иштирокдоронро бо таҷлили ҷашнҳо шодбош гуфт.
Сипас , барои хизматҳои арзанда дар рӯшд ва такомули соҳаи роҳсозӣ 18 нафар корманди соҳа бо нишони сарисинагии “Роҳсози фахрӣ” ва 20 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.


