• Tajik
  • Русский
  • English

Бо супориши вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим масъалаи таксиҳои ғайриқонунӣ фаъолияткунанда, ба истилоҳ таксиҳои «5 - сомона» аз ҷониби масъулини соҳа мавриди таҳлил қарор гирифта, аллакай пас аз корҳои фаҳмондадиҳӣ 6 нафар ронанда худихтиёрӣ ба ҷамъиятҳои мусофирбарии таксӣ шомил гардида, тариқи шартнома фаъолият мекунанд. Корҳои тарғиботиву таҳлилӣ дар ин мавзӯъ идома доранд.

Вазири нақлиёт дар ҷаласаи назоратӣ ба масъулин дастур дода буд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне «таксиҳои 5- сомонӣ» ро дар шаҳр муайян намуда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд ва роҳеро бояд дарёфт кард, ки бар зарари кор набошад.

Масъулини соҳа дар робита ба ин супориш гуруҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ККВД «Душанбе нақлиётхадамотрасон» ташкил намуда, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рейдиҳои муштарак ташкил ва бо ронандаҳои ин намуди нақлиёт суҳбатҳо гузаронданд.