• Tajik
  • Русский
  • English

  Ҳамкасбони арҷманд, кормандони муҳтарами маҷмааи нақлиёту роҳ!

 Ҳамаи Шумо ва дар симоятон аҳли хонадонатонро ба ифтихори таҷлили иди баҳору шукуфтанҳо, бедоршавии табиат ва сарсабзиву хуррамӣ, яъне Наврўзи хуҷастапай, ки имрўзҳо бо қадамҳои пурфайзи худ пас аз гирудори соли сипаришуда боз ба диёри биҳиштосоямон Тоҷикистон қадам ниҳодааст, самимона шодбош мегўям. Дар ин рўзҳои пурфайзи баҳорӣ ба ҳар яки Шумо осудагӣ,  хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пурфайзи наврўзиро таманно дорам.

 Барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврўз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва зебои табиат маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлати мо, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлати дўсту бародар буд.

 Чун маҳз бо ибтикори Сарвари кишвари мо ин иқдоми наҷибро шарафёб гардидем, зарур аст, ки минбаъд барои эҳё ва таҳкиму тақвияти ин ҷашни зебои ниёгонамон саъю талош намоем.

 Пас аз он, ки Наврўз ҷаҳонӣ гашт, Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рўзи байналмилалии Наврўз» дар қатъномааш қайд кард, ки  давлатҳои аъзои ин созмони муътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврўз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарѓиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврўзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

 Тавре ки Пешвои миллатамон қайд кардаанд, «Воқеан, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардўстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирўзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст”.

 Наврўз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла,  дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, чунин ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод, то дар он ҷо барои ў тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рўи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ў ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рўзро Наврўз номиданд.

 Ривояту ҳикоятҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн зиёданд, вале мо иктифо мекунем, ки ин ҷашни бостонӣ, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, на танҳо таърихи бой, балки маънӣ ва манзалати басе бузург дорад ва мо бояд онро пос дошта, ба наслҳои оянда мерос гузорем.

 Чун анъана ҳамасола ҳангоми таҷлили ҷашни Наврўз баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли он айни муддао мебошад. Ба ин васила аз ҳадафҳои наҷиби Наврўз, ки дўстиву ҳамгироӣ ва афв бахшидани гуноҳҳо аст, огаҳӣ меёбем.

 Наврўз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дўстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин, ҳамаи моро сўи рўзгори орому бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.

 Хони ҳафт сину ҳафт шини наврўзӣ ба ин суруру шодмонӣ ҷилои бештар бахшида, аз хайру баракат ва фаровониву хушбахтӣ башорат медиҳад.

 Ин фасли зебои баҳорӣ ва афву гуноҳбахшиданҳоро ҳама бесаброна интизоранд, вале мо роҳсозону роҳдорон, аз ҳама беш онро интизорем, зеро бо дамидани нафаси гарми баҳорӣ, ташвишҳои фуромадани тармаву роҳбандӣ паси сар мешаванду аз пайи ободии вайронаҳои фасли сармо мегардем.

 Дар қатори дигарон кормандони шарафманди соҳаи нақлиёт низ ин ҷашни фархундаро бо як шаҳомату сарбаландӣ истиқбол мегиранд. Аз Наврўз то Наврўзи имсола роҳдорону роҳсозон, нақлиётчиёну роҳиоҳанчиёни кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Ба паёмадҳои бемории ҳамагир Ковид 19 нигоҳ накарда, корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Боварии комил дорам, ки Наврўзи имсола низ барои мо пайки хурсандӣ меораду дар ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тамоми вазифаҳои ба зиммагузоштаамонро бо сари баланд анҷом медиҳем.

 Басе рамзист, ки  дар Наврўз ба хотири раҳоӣ аз олудагиҳо хонаву дар, гирду атроф ва боѓу киштзоронро тозаву обод мекунанд. Бояд қалбҳои мо ҳам аз тамоми кинаву адоват ва фикрҳои олуда поку соф шуда, аз меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ лабрез шаванд. Таманно дорам, ки осмони софу дастархони пурнозу неъматро Наврўзи имсола ба мо дастовез биорад.

Бо чунин ниятҳо бори дигар ҳамаи Шумо – ҳамватанони азиз, кулли кормандони маҷмааи нақлиёту роҳро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврўз табрик гуфта, ба ҳамаатон осудагии хонадон ва пирўзиву барори кор таманно мекунам.

Дўстон, ҷашни дилафрўз  муборак бошад,

Ҷашни фархундаи Наврўз муборак бошад!