Кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёту роҳ, ҳамкасбони азиз!
Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки ҳамасола таҷлили ҷашни фархунда - иди касбии роҳсозон ба таҷлили ҷашни 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар рост меояд. Аз ин лиҳоз ҳамаи Шумо ва дар симоятон аҳли хонадон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 92-умин солгарди иди касбии роҳсозон шодбош мегӯям.
Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва иди касбиамон дар шароите таҷлил мегарданд, ки кишвари азизамон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, равобиту ҳамкориҳои байналмилалӣ бемайлон пеш рафта, мардуми шарафманди диёр барои сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиќлолияти давлатӣ бо азми қавӣ ва суббот талош меварзанд.
Дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик 28 сол муққадам рӯйдоди бузургу хуҷаста ба вуқуъ пайваст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълом карда ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Роҳбарияти давлати навбунёдро дар он рӯзҳои тақдирсоз лозим буд, ки пояҳои давлатдориро устувор сохта, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро тарҳрезӣ намоянд.
Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон доман зада буд, ҳаллу фасли ин масъалаҳои муҳимро муддате ба таъхир андохт. Танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрати сиёсӣ омадани Сарвари тоҷикон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории навин бунёду устувор гардиданд.
Барқарор намудани сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар кишвар ба Ҳукумати мамлакат имкон дод, то ҳамкориҳои бештарро бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуда, ба ҳалли масъалаҳои мубрами рушди дохилии мамлакат рӯй оранд. Иқтисодиёту инфрасохтори харобгашта ва дарҳамрехтаи мамлакатро дубора барқарор кардан лозим омад. Дастовардҳои аҳли атрофи кишварамонро ба таҳайюр оварданд.
Дар қатори дигар соҳаҳо маҷмааи нақлиёту роҳ низ дар давоми 28 – соли соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гашт. Зеро баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз самтҳои стратегии рушди кишвар буд. Сардори давлат бо азми қатъӣ бунёду сохтмон ва эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдориро аз ҳадафҳои асосиву афзалиятнок дониста, гуфта буданд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Ин мушкилотро мо дар солҳои Истиқлоли кишварамон ба таври амиқ эҳсос намудем. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст».
Дар муддати 28 соли Истиқлолият дар ҳудуди кишвар беш аз 2700 км роҳҳои автомобилии аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва маҳалидошта, 5 нақби автомобилгард, 3 нақби қаторагузар, 173 км роҳҳои оҳан ва зиёда аз 400 пулҳои хурду калон бунёд гардида, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.
Боиси ифтихори мо кормандони соҳаи роҳу нақлиёт аст, ки дар аввали моҳи августи соли равон корҳои сохтмонӣ боз дар як иншооти муҳими ҷашнӣ “Таҷдиди роҳи автомобилгарди “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” ба анҷом расонида шуда, дар фазои тантанавӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Танҳо дар давоми як сол, яъне аз рўзи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ то ба имруз бо ҷаҳду талош ва дастгирию кумаки ҳамарузаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Шарикони Рушд якчанд лоиҳаҳои кумаки техникӣ дар вазорат амалӣ гардидаанд, ки дар натиҷа ба муассисаҳои давлатӣ беш аз 303 техникаю таҷҳизоти пуриқтидору замонавӣ дастрас гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар самти нақлиёт узви 10 барномаи байналмилалӣ мебошад. Дар доираи роҳҳои автомобилгарди Осиё 3 долон, дар доираи қарордоди аврупоӣ оид ба шоҳроҳҳои автомобилгарди байналхалқӣ 1 долон ва дар доираи Ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) 4 долон фаъолият доранд.
Дастовези бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар ин таҳкимбахшии муносибатҳои судманди байналмилалӣ бо мамолики ҳаммарз ва шарикони стратегӣ мебошад, ки дар ин самт дастёбии бузург - барқарор гардидани дӯстии ду миллати ҳамҷавору дӯст тоҷику ӯзбек мавқеи хоса дорад. Маҳз бо шарофати заҳматҳои беназири Сарони ҳар ду кишвар - Пешвои муаззами милатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марзҳо боз гаштанду орзуи чандинсолаи мардуми тоҷику узбеки ҳарду ҷониб ҷомаи амал пӯшид.
Аз дастовардҳои соҳа дар даврони истиқлол агар ҳарф бизанем, хеле зиёданд, ки ин ҳам ифтихори мост. Аммо бояд гуфт, ки роҳҳо ва пулҳои сохтаамон барои барқарор ва мустаҳакам намудани ваҳдату якпорчагии тамоми минтақаҳои мамлакат нақши калидӣ гузоштанд.
Ҳамкорони арҷманд ва мӯҳтарам кормандону ходимони соҳаи нақлиёту роҳсозии кишвар, барои меҳнати самарабахш ва ҳисса гузоштанатон дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлолияти Тоҷикистон ба яко яки шумо ташаккури бепоён мегӯям ва таманно дорам, ки ба хотири ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дар мубориза ба муқобили густариши хурофот, зоҳирпарастӣ, ифротгароии диниву мазҳабӣ, исрофкорӣ ва ҷараёнҳои барои миллати мо бегона фаъолтар гардида, барои ободонии роҳҳои кишвар, хизматрасонии бехатару пурсамар барои халқи кишвар ва барои таъмини саодату иттиҳоди мардум ҳар яки мо дар масири ободии Ватанамон боз ҳам бештар кӯшиш намоем.
Бори дигар рӯзи роҳсозон ва ҷашни фархундаи ормонбахш, Истиқлоли кишварро ба якояки Шумо, аҳли хонавода ва ёру дӯстонатон табрик мегӯям!
