• Tajik
  • Русский
  • English

   Санаи 21 апрели соли 2021 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи вохӯрии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид.

   Дар ҷаласа, намояндагони вазоратҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

    Зимни ҷаласа, ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, рушди долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон - Хитой”, барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии “Ҳаштяк - Бекобод”, электрификатсиякунони қитъаи роҳи оҳани “Бекобод (Ӯзбекистон) Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон), сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи “Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур/Ҷамбой (Ӯзбекистон), зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан қитъаи “Бекобод - Истиқлол” ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.

    Дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин андешидани тадбирҳо дар ҳамбастагӣ, аз тарафи ҷонибҳо протоколи дахлдор  ба имзо расид.