• Tajik
  • Русский
  • English

  Санаи 30-юми апрели соли 2021 вохӯрии намояндагони нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ба таври маҷозӣ доир гардид.

  Зимни ҷаласа ҳайатҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии “Туркменавтоулаглари” ва Агентии “Туркмендемирёллари” масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, роҳи оҳан, гузариши транзитӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.  Инчунин, масъалаи истифодабарии бандари “Туркменбоши” барои интиқоли бор ба/аз Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

   Ҷонибҳо ҳавасмандӣ ва омодагии хешро ҷиҳати барқарор намудани ҳамкориҳо дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва роҳи оҳан баён намуда, иброз доштанд, ки бо риояи ҳатмии талаботҳои эпидемиологӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли дуҷониба ва транзит чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.

   Гуфтушинид дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.