• Tajik
  • Русский
  • English

 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

озмун эълон менамояд:

23.06.2021

  1. сардори  Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2746 сомонӣ.
  2. муовини сардори Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2256 сомонӣ.
  3. сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус –1 ҷой, маоши мансабӣ – 1847 сомонӣ.
  4. сармутахассиси Раёсати корҳо оид ба мудофиаи гражданӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.
  5. сармутахассиси шуъбаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ –– 1ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.
  6. мутахассиси пешбари шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1ҷой, маоши мансабӣ – 1124 сомонӣ.
  7. мутахассиси пешбари Раёсати робитаҳои байналмилалӣ –1ҷой, маоши мансабӣ – 1124 сомонӣ.
  8.  мутахассиси Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924 сомонӣ.
  9. мутахассиси Раёсати нақлиёти руизаминӣ – 1ҷой, маоши мансабӣ – 924 сомонӣ.

Талаботҳои тахассусӣ брои ишғоли мансабҳои зерин: 

Барои сардори раёсат, доштани 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,

муовини сардори раёсат - 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,

сардори шуъба 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,

сармутахассис - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,

мутахассиси пешбар - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ва мутахассис бе доштани собиқаи меҳнатӣ.

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад,

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа;

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг, ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир ва забонҳои хориҷӣ.

       Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотномаи тиббии шакли 038 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).

- нусхаи СИН

   Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо - шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ -14

Телефон барои тамос: 222-22-29, 222-22-03, почтаи электронӣ: info@mintrans.tj,

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун.