Хабарҳо

slider_img
slider_img

РОҲ ЗЕРИ ОБ МОНД. Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои ВМКБ оқибатҳои офати табииро бартараф мосозанд

Санаи нашр: 29-06-2023 Просмотрено: 1384

27 июн, дар натиҷаи борони пайдарпай, баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва бо суръати тез об шудани барфи доманакуҳҳо дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сел фаромада, хисороти зиёд  ба бор овард. Аз ҷумла, қариб 4 километр роҳ зери об монд, ки зарари расонидашуда 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

    Айни ҳол кормандону мутахассисони муасасисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои ВМКБ ва КВД “Бадахшонроҳсоз” бо истифода аз 8 адад техника ба бартараф кардани окибати офати табиӣ машгуланд.

Хотиррасон мешавем, ки субҳи 28 июн бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматӣ ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода,  дастур дода шудааст, ки барои таъмини бехатарии аъзои оилаҳои зарардидаи соҳили дарёи Шохдара, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани манзилҳои  сокинони зарардида чораҳои бетаъхир андешида шаванд.

29 январ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар  ҷиҳати сари вақт бартараф намудани оқибати олфати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба роҳбарони вазорати идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххаса доданд.