Ҷадвали масофавӣ байни марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҶТ

ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНӢ

  Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз 23 июли соли 2016, № 1339 қабулгоҳи электронӣ  фаъолият мекунад.

Қабулгоҳи электронӣ ба шумо имкон медиҳад, ки ҷиҳати муҳокимаи масъала ва ё ҳалли мушкилот бо мо зуд тамос бигиред. Акнун шумо метавонед тавассути почтаи электронии вазорат бо суроғаи   qabulgoh@mintrans.tj   нома фиристед, ба роҳбари аввал ё муовинони ӯ савол диҳед ва ё ба қабули бевоситаи онҳо  худро номнавис кунед.

Муроҷиатҳои воридшаванда дар шӯъбаи  коргузорӣ ба қайд гирифта,  ҷиҳати  муайян сохтани иҷрокунанда ба роҳбарият пешниҳод карда мешаванд.

Ҷавоб ба  муроҷиаткунанда дар давоми 30 рӯз омода карда мешавад: тибқи моддаи 18 Қонуни ҶТ "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ", дар қабулгоҳи  электронӣ ҳамон мӯҳлате амал мекунад, ки барои муроҷиатҳои хаттӣ ба ҳама гуна мақомоти ҳокимияти давлатӣ  муқаррар шудаанд.  Дар айни замон мо кӯшиш мекунем, ки корро сареътар ба роҳ монем, хусусан дар ҳолатҳое, ки муроҷиат посухи фаврӣ талаб менамояд.

Ҷавоб дар яке аз ду шакл  ирсол мегардад: дар шакли ҳуҷҷати электронӣ (агар ному насаб ва суроғаи почтаи электронӣ нишон дода шуда бошад) ё дар шакли хаттӣ (агар ному насаб ва суроғаи аниқи ҷои истиқомат зикр шуда бошад).

Саволҳои муҳиму рӯзмарра ва ҷавоб ба онҳо дар сомонаи  расмии вазорат www.mintrans.tj   ҷойгир карда мешаванд.

Агар муроҷиати электронӣ саволеро дарбар гирад, ки ҳалли он ба салоҳияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мансуб нест, ба  муаллиф фаҳмонида мешавад, ки он бояд ба куҷо (ба кадом мақоми дахлдор)  ирсол гардад.

                           Муроҷиати электронӣ

Дар моддаи 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”  омадааст:

 “Муроҷиати электронӣ – муроҷиате, ки ба суроғаи расмии почтаи электронии мақомоту ташкилоти дахлдор ворид гардидааст ё дар сомонаи расмии мақомоту ташкилоти дахлдор дар шабакаи Интернет ҷойгир карда шудааст”.

Система расонидани муроҷиати шуморо ба  вазорат пурра кафолат медиҳад ва имкон фароҳам меорад, ки вазъи баррасии муроҷиатро аз лаҳзаи фиристодани он то гирифтани ҷавоб пайгирӣ кунед.

                                   Муроҷиати хаттӣ

Мактубҳое, ки ба шӯъбаи умумӣ ворид мешаванд аз тарафи кормандони шуъба ба қайд гирифта мешаванд ва ба роҳбарияти вазорат пешниҳод шуда ба иҷрокунанда дастрас мешаванд. Муроҷиати шаҳрвандон дар Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №730 аз 19.03.2007 ба роҳ монда шудааст. Муроҷиати шаҳрвандоне, ки ба шӯъбаи умумии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути почта ё дастӣ ворид мешаванд, аз тарафи шӯъбаи умумии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба роҳбарият ва иҷрокунанда дастрас карда мешавад. Ҷавоб ба аризадиҳанда ба суроғае, ки дар лифофа қайд шудааст, фиристонида мешавад.

Суроғаи мо: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734042, 
ш. Душанбе, кӯчаи Айни, 14. 

Телефон барои тамос: 221-17-13, факс: 221-20-03 (қабулгоҳи вазир), 
шӯъбаи умумӣ тел: 222-22-14.                 

        Кадом муроҷиатҳо баррасӣ намешаванд

 Мувофиқи моддаи 8 Қонуни ҶТ "Дар Бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" муроҷиат ба вазорат баррасӣ карда намешавад, агар:

- дар он насаб, ном ва номи падари муроҷиаткунанда ва мақоми иҷтимоии ӯ зикр нашуда бошад;

- дар он суроғаи ҷои истиқомат ё суроғаи почтаи электронии муроҷиаткунанд зикр наёфта бошад;

 - дар он номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он мавҷуд набошад;

 - муроҷиат тавассути намояндагони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод шудааст, вале онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколати худро надошта бошанд;

- дар он дашном, таҳқир, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шахси мансабдор ва оилаи ӯ мавҷуд бошад;

- маълумоте, ки дар он оварда шудааст, ба воқеият мувофиқат накунад;

 - дар он саволест, ки ҷавоб ба он қаблан дода шуда бошад.  

              Номнависӣ ба қабули бевоситаи роҳбарият

Тавассути почтаи электронӣ ё номаки хаттӣ шумо метавонед барои ноил шудан ба қабули бевоситаи хизматчиёни давлатӣ, ки ному насабашон дар  зер оварда шудааст, худро қаблан номнавис кунед. 

№ 

Ному насаб 

Вазифа / Почтаи электронӣ

Рӯзҳои  қабул 

Азим Иброҳим 

Вазир

minister@mintrans.tj 

Шанбе аз 9:00 то 12:00 

Бобозода Р.

Муовини якуми вазир 

 r.bobozoda@mintrans.tj

Душанбе аз 16:00 то 18:00 

Панҷшанбе аз 16:00 то 18:00 

Саидмуродзода Ш. 

Муовини вазир

saidmurodova@mintrans.tj

Сешанбе аз 16:00 то 18:00

Чоршанбе аз 16:00 то 18:00

4

Неъматзода Ф.

Муовини вазир

f.nematzoda@mintrans.tj

Чоршанбе аз 16:00 то 18:00

Ҷумъа аз 16:00 то 18:00

Мактубҳое, ки ба шӯъбаи умумӣ ворид мешаванд аз тарафи кормандони шуъба ба қайд гирифта мешаванд ва ба роҳбарияти вазорат пешниҳод шуда ба иҷрокунанда дастрас мешаванд. Муроҷиати шаҳрвандон дар Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №730 аз 19.03.2007 ба роҳ монда шудааст. Муроҷиати шаҳрвандоне, ки ба шӯъбаи умумии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути почта ё дастӣ ворид мешаванд, аз тарафи шӯъбаи умумии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба роҳбарият ва иҷрокунанда дастрас карда мешавад. Ҷавоб ба аризадиҳанда ба суроғае, ки дар лифофа қайд шудааст, фиристонида мешавад.