Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Супоришҳои қатъии Вазири нақлиёт ба сохтмончиёни роҳи автомобилгарди “Обигарм – Нуробод” ва қитъаи роҳ дар шаҳри Роғун

Санаи нашр: 27-07-2023 Просмотрено: 866

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 26 июли соли равон бо рафти татбиқи марҳилаҳои 1 ва 2-и лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Обигарм – Нуробод” шинос шуда, бо роҳсозон суҳбати самимӣ ва рӯ ба рӯ доир намуд.

 Ҳарчанд кор дар иншоот дар умум хуб арзёбӣ гардида бошанд ҳам, дар рафти боздид Вазири нақлиёт аз рафти сохтмони такядеворҳо (габионҳо), облӯлаҳо ва пулҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод, ки корҳои сохтмониро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, суръат ва сифати онро беҳтар ба роҳ монанд.

 Азим Иброҳим аз ҷараёни марҳилаи 1-уми бунёди нақби 1,7-километра ва дигар иншоот дар лоиҳаи мазкур дидан намуда, ба сохтмончиён оид ба тезонидани кор супоришҳои мушаххас дод.

Сипас Вазири нақлиёт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи 11- километраи шаҳри Роғун, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад,  боздид намуда, фикру андеша ва пешниҳодҳои худро ба роҳбарият ва сохтмончиёни роҳи мазкур иброз намуд.