Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 20 август оғоз гардид, масоили марбут ба ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиётро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 21 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Пекин муҳтарам Ин Юн мулоқот анҷом доданд.
Таъкид карда шуд, ки муколамаи доимии дӯстона ва боэътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омили муҳимми таҳкими шарикии стратегӣ маҳсуб ёфта, маҷмӯи санадҳои байнидавлатии зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин имзошуда ба рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин равона гардидааст.
Худи ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Хайдиени шаҳри Пекин ташриф оварда, бо фаълояти Маркази намоишиву озмоишии «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки «Шаҳри ҳушманд» аз дастовардҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар муътадилгардонии кори низоми нақлиётӣ, истифодаи самарабахши захираҳои энергетикӣ, содагардонии равандҳои идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти шаҳр, беҳбуди муҳити созгор ва сатҳи зиндагӣ метавонад нақши назаррас дошта бошад.
Имрӯз кишвари Чин бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи мониторинг, коркарди маълумотҳои калон ва зеҳни сунъӣ дар самти содда кардани низоми идоракунии шаҳрҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ва пешбурди ташаббусҳо оид ба шаҳрҳои ҳушманд мавқеи пешсафиро дар ҷаҳон касб намудааст.
21 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи низ мулоқот анҷом доданд.
Зикр гардид, ки дар давоми беш аз 30 соли охир муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин бо такя ба эътимоду боварии ҳамдигарӣ ба сатҳи рушди босуръат ва баландтарин дар тӯли таърих ноил гардиданд, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ падидаи нодир аст.
Ҳамчунин дар ин давра масъалаҳои мавриди манфиати тарафҳо ва ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун густариш ёфта, натиҷаҳои пурсамари амалҳои муштарак дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» дастрас мегарданд.
Заминаи назарраси ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба бо Чин фарогири ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ буда, ба тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мусоидат менамояд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат ба ҷониби Чин барои дастгирии амалисозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, ҳамзамон тавсеаи ҳамкориро дар самтҳои нақлиёт, энергетика, саноат, илму маориф, тандурустӣ, мудофиа ва амният зарур шумурданд.
Сипас дар ҳузури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи маросими имзои санадҳои зерин баргузор гардид:
— Номаи табодулӣ оид ба ҷудо намудани кумаки молиявии Чин дар ҳаҷми 2 миллион доллари ИМА барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и шаҳри Душанбе; сохтмону навсозии роҳ ва 4 эстакадаи нав дар пойтахт, таъмиру навсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», навсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу»;
— Санади супоридан ва қабули воситаҳои нақлиёти коммуналию сохтмонӣ, ки ба таври ройгон ҳамчун кумак аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
22 август, дар идомаи сафари расмӣ ба ҶМЧ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн мулоқот намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, Чин барои давлати мо шарики боэътимоди стратегӣ дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Ҷонибҳо ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода, муҳиммияти рушди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла татбиқи саривақтии созишномаҳои қаблии байни роҳбарони ду давлат мувофиқа ва тасдиқшударо таъкид намуданд.
Дар ин замина аз робитаи зич ва ҳамкории судманди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин фаъолияти самарабахши гурӯҳҳои дӯстии Тоҷикистон ва Чин изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ташаббуси стратегии Чин «Як камарбанд, як роҳ»-ро ҷонибдорӣ намуда, дар доираи он ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки ба манфиатҳои аслии ду давлат ва мардумони бо ҳам дӯсти онҳо равона гардидааст, назари нек дорад.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дар марҳилаи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модели саноатию аграрии рушд, баланд бардоштани неруи инноватсионии истеҳсолот дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ва амалигардонии лоиҳаҳои муҳими инфрасохториро бо истифода аз технологияҳои илмию индустриалии Чин мувофиқи мақсад ҳисобиданд.
Афзоиши бемайлони сармоягузории Чин дар Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз қабили саноати кӯҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ бо қаноатмандӣ иброз гардида, ҳамчунин ҷонибҳо оид ба зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Чин, тақвияти иштироки доираи соҳибкории Чин дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, роҳу нақлиёт, обёрию беҳдошти замин ва тавсеаи долонҳои транзитӣ табодули андеша намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ, зиёд намудани шумораи бурсия ва стипендияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон ва ҷалби сармоя барои инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
22 август дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн мулоқот намуданд.
Ҷонибҳо ба муколамаи доимии байнидавлатии созанда дар сатҳи олӣ ва баланд, саҳми бузурги роҳбарони ду давлат дар таъмини рушди устувори ҳамкориҳои дуҷониба баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи майи соли равон, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногун ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, савдо, ҷалби сармояи бахши соҳибкории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, коркарди захираҳои маъдан, кишоварзӣ, дорусозиро, ки ба ташаккули занҷираи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, муҳокима намуданд.
Дар доираи рушди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, тавсеаи иқтидори долонҳои транзитӣ ва дар ин робита навсозии нуқтаи назоратию гузаргоҳии «Қулма-Қаросу», амалисозии марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе-Қулма, афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду давлат муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот бо таваҷҷуҳ ба афзалияти рушди ҳамкории илмию техникӣ, инноватсия ва технологияҳои баланд, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси заминаҳои истеҳсолӣ дар асоси «технологияи сабз», аз ҷумла ба роҳ мондани истеҳсоли нақлиёти барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои барқии «ҳушманд» дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Худи ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин ташриф оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаи таълимии Чин ба шумор рафта, дар соли таҳсили 2022-2023 дар он 9000 донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳсил менамоянд. Аз рӯи нишондиҳандаи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ донишгоҳи мазкур дар Чин ҷойи аввалро ишғол менамояд.
Дар ин донишгоҳ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро Абуабдулоҳ Рӯдакӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки пас аз ҳазорсолаҳо низ ашъори Рӯдакӣ одамонро ба таҳкими дӯстӣ байни халқҳо ва тавсеаи муколама байни тамаддунҳо даъват менамояд. Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти Шарқ нақши калидӣ дошта, назми нотакрори ӯ ганҷинаи адабиёти ҷаҳонро ғанӣ ва пурмуҳтаво гардонидааст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳукумати мардумии шаҳри Пекин, инчунин ба аҳли эҷод ҷиҳати бунёди нимпайкараи Абуабдулоҳ Рӯдакӣ дар шаҳри Пекин изҳори миннатдорӣ намуданд.
Мавриди таъкид аст, ки лоиҳаи нимпайкара дар мувофиқа бо Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Осорхонаи Ҷинтайи Чин аз ҷониби ҳайкалтароши маъруф Юан Сикун омода шудааст.
Дар поясанги нимпайкара бо забонҳои тоҷикӣ, чинӣ ва англисӣ сатрҳои зерини бегазанд аз ашъори устод сабт шудаанд:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд дар роҳи дониш бениёз...
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
23 август дар шаҳри Ханҷоу Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Осорхонаи Бозиҳои Осиё боздид ба амал оварданд. Осорхона дар ҳудуди маркази варзишии Олимпии шаҳри Ханҷоу дар масоҳати 5700 метри мураббаъ ҷойгир буда, роҳи тайкардаи Ханҷоуро дар ҷараёни корҳои омодагӣ ба Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё дар сиғаи интерактивӣ намоиш медиҳад.
Бояд гуфт, ки Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд.