Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 09-04-2026 Просмотрено: 2210

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказиро-ба таъсиси Роҳи абрешими рақамӣ даъват мекунад. Тоҷикистон таъсиси Роҳи абрешими рақамиро зарур мешуморад. Дар ин бора 27 март Сарвазири кишвар Кохир Расулзода дар доираи суханронӣ дар Форуми байналмилалии Digital Qazaqstan 2026 дар Шимкент (Қазоқистон) изҳор дошт.

Ӯ аз дигар давлатҳои Осиеи Марказӣ даъват кард, ки барои расидан ба ин ҳадаф кӯшишҳои якҷоя ба кор баранд.

Самти дигаре, ки муттаҳид кардани талошҳои кишварҳои минтақаро талаб мекунад, ба андешаи ӯ, ҳамгироии платформаҳои рақамӣ мебошад. Татбиқи ин ташаббус имкониятҳои ҳамкории бемамониатро дар муҳити ягонаи виртуалӣ барои соҳибкорон ва шаҳрвандони давлатҳои Осиёи Марказӣ фароҳам меорад.

***

Дар доираи стратегияи ба маркази транзитӣ табдил додани кишвар дар Тоҷикистон 64 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 миллиард доллар амалӣ карда шудааст. Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik, дар ин бора 1 апрел муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии нақлиёт ва логистика дар Санкт-Петербург (Русия) хабар дод.

Ба гуфтаи вай, беш аз 3,2 ҳазор километр роҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сохта шудаанд.

«Айни замон мо боз 16 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи умумии 1,2 миллиард доллар амалӣ карда истодаем. Мо инчунин нақша дорем, ки дар тӯли панҷ соли оянда беш аз ҳазор километр роҳҳои минтақавӣ ва байналмилалиро бунёд ва навсозӣ кунем», – гуфт Саидмуродзода.

Дар ин форум муовини Вазири нақлиёти кишвар инчунин аҳамияти рақамисозии соҳаро таъкид кард. Вай зикр кард, ки соли 2025, дар давраи раёсати Ыумщурии Тоҷикистон дар ИДМ, Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии Иттиҳод қабул карда шуд. Мақсади ҳуҷҷат ташкили фазои ягонаи рақамӣ барои мубодилаи маълумот, рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, пайгирии борҳо ва ҳамгироӣ бо платформаҳои байналмилалии логистикӣ мебошад.

***

Дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе системаҳои назорати вазн барои мошинҳои боркаш насб карда мешаванд. Дар даромадгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон — вз Турсунзода ва Бохтар — нуқтаҳои назорати вазн Weigh-in-Motion (WIM) барои мошинҳои гаронвазн ва калонҳаҷм таъсис дода мешаванд. Пас аз насб кардани таҷҳизот дар ин нуқтаҳо воситаҳои нақлиёте, ки вазнашон аз 40 тонна зиёд аст, бояд ба маблағи муайян ҷарима супоранд.

Ин қарор бо мақсади пешгирии зуд вайрон шудани роҳҳои автомобилгарди «Душанбе – Турсунзода» ва «Душанбе – Бохтар» қабул карда шудааст.

Созишнома дар бораи насби ин таҷҳизот 21 июли соли 2025 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати Kvadrat System LLC-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расид. Тибқи ин санад, ширкат бояд корҳои сохтмониро дар давоми 8 моҳ ба анҷом расонад.

***

Аз аввали соли 2026 дар Тоҷикистон гирифтани иҷозатнома барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои ранга ва торик танҳо дар шакли электронӣ тавассути портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ekhizmat.tj мумкин аст. Дар ин бора ба «АП» дар Агентии инноватсия ва технологияҳои нави назди Президенти ҶТ иттилоъ доданд.

Барои истифодаи портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, ду марҳила — муайянкунӣ ва бақайдгирӣ зарур аст.

ДАР МИНТАҚА

Ҳангоми ворид шудан ба шаҳри Остона ва хориҷ шудан аз он назорати воситаҳои нақлиёт сахттар мешавад. Аз 1 апрели соли 2026 дар пойтахти Қазоқистон назорати пурзӯри ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ҷорӣ карда мешавад. Ин тадбир ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат ва пешгирии фарсудашавии бармаҳали роҳҳо равона карда шудаанд, хабар медиҳад Liter.kz.

Ташаббус аз ҷониби Кумитаи нақлиёти автомобилӣ ва назорати нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон дар якҷоягӣ боҳокимияти пойтахти кишвар ва мақомоти пулис амалӣ мегардад.

«Назорат дар даромадгоҳҳо ва баромадгоҳҳои калидии пойтахт тавассути постгоҳҳои сайёри назорати нақлиёт ва инчунин бо истифода аз истгоҳҳои автоматикунонидашудаи ченкунии вазн ба роҳ монда мешавад. Дар сурати зиёд шудани андозаи вазни муқарраршуда ба вайронкунандагони қонун вобаста ба дараҷаи вайронкунӣ ҷарима татбиқ карда мешавад», – хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶҚ.

Илова бар ин, аз 23 март то 1 майи соли 2026 маҳдудиятҳои иловагии муваққатӣ оид ба бори меҳвари воситаҳои нақлиёт, ки дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҳаракат мекунанд, ҷорӣ карда шуданд.

***

Вазорати нақлиёти Қирғизистон ба нақша гирифтааст, ки сохтмони роҳи «Арал — Төө-Ашуу» - ро оғоз кунад. Дар ин бора 1 апрел сардори Раёсати роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон Асилбек Чойбеков дар шарҳи шабакаи «ЭлТР» хабар дод.

Вай инчунин иброз намуд, ки дар вилояти Ҷалолобод татбиқи лоиҳаҳои роҳ, ки соли 2024 оғоз ёфтаанд, фаъолона идома дорад. Муҳлати анҷоми онҳо соли 2026 ва аввали соли 2027 пешбинӣ шудааст.

Тавре номбурда тазаккур дод, яке аз лоиҳаҳои калонтарин дар минтақа роҳи автомобилгарди Ала-Бука – Жани Бозор – Кировка мебошад. Илова бар ин, корҳои роҳсозӣ дар шаҳри Манас идома доранд, дар ин ҷо охири соли 2025 бунёди ду иншооти муҳим оғоз ёфт.

***

Дар Узбекистон барои дер мондани қатора ба мусофирон маблағ дода мешавад. Вазорати нақлиёти ҶУз, бо такя ба Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», дар пайи таҳияи қоидаҳои муҷаддади ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти роҳи оҳан мебошад, ки он низоми пардохти ҷубронпулиро ҳангоми аз ҷадвал қафо монани қатораҳо пешбинӣ мекунад. Ин тадбир ба ҳама категорияҳои қатораҳое, ки дар саросари кишвар ҳаракат мекунанд, таъсир мерасонад.

Сабаби баррасии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ омори муроҷиатҳо ба Кумитаи зиддиинщисорӣ буд. Дар давоми соли 2025 ин идора 51 шикоятро дар бораи риоя накардани ҷадвали ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан сабт кардааст. Мусофирон мунтазам дар мактубҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таъхир дар рафтан ва омадан ишора мекарданд.

Дар қоидаҳои нав миқёси ҷуброн мустақиман ба вақти воқеии таъхир вобаста карда, ҳам ба қатораҳои баландсуръат ва ҳам стандартӣ паҳн мешавад:

-Аз 15 то 30 дақиқа – 15% арзиши чиптаи сафар;

- Аз 31 то 60 дақиқа – 25%;

- Аз 61 то 120 дақиқа – 50%;

- Аз 121 дақиқа ва зиёда аз он – пурра баргардонидани маблағи чипта.

ДАР ҶАҲОН

Таксиҳои бесарнишин якбора аз кор баромаданд ва ҳаракати нақлиётро дар шаҳри бузурги Чин фалаҷ карданд. Дар яке аз калонтарин метрополияҳои Чин, шаҳри Вуҳан, даҳҳо роботаксиҳо ногаҳон дар мобайни пайроҳаҳои серодам аз кор монданд, хабар дод 3 апрел Zakon.kz.

Мусофирон муддати чанд соат аз дохили мошин берун омада натапвонистанд, зеро техника тамоман вокунишро қатъ кард. Шабакаҳои иҷтимоии Чин аз видеоҳо ва паёмакҳои мусофирон, ки дар ин лаҳазот ҳеҷ гуна кӯмак гирифта наметавонистанд, пур шуданд, менависад Techticia.

Пулиси маҳаллӣ барои муътадил кардани вазъ ба ин ҳодиса дахолат кард. Дар он ҷо гуфтанд, ки ин як нокомӣ дар система буд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 100 мошин дар ҷои худ истоданд.

Хушбахтона, касе касе осеб надид, аммо чанд мошин ба ҳам бархӯрди сабук карданд.

***

Вазорати нақлиёти Русия қоидаҳои интиқоли мусофирон ва борҳоро нав кард. Вазорат лоиҳаи қоидаҳои навро таҳия кард, ки бояд бехатарии ҳамлу нақлро тавассути нақлиёти автомобилӣ ва нақлиёти барқии заминӣ дар шаҳрҳо ба таври назаррас баланд бардорад. Ҳуҷҷати нашршуда талабот ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиётро пешбинӣ ва барои ронандагон дастурҳои ҳатмӣ ҷорӣ мекунад, хабар медиҳад snta.ru›.

Тибқи лоиҳа, ҳар як мошин бояд ба талаботи Регламенти техникии Иттиҳоди гумрукӣ «Дар бораи бехатарии воситаҳои нақлиёти чархдор» ҷавобгӯ бошад. Аз ҷумла, ин стандартҳо таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва интиқоли нури шишаҳоро, аз ҷумла дар мошинҳои сиёҳшиша танзим менамоянд.

Барои автобусҳо риояи қатъии хатсайрҳо ва қоидаҳои фаровардани мусофирон танҳо дар истгоҳҳо пешбинӣ шудааст. Вазн ва андозаи мошинҳои боркаш ва автобусҳо бояд аз меъёри иҷозатдодашуда зиёд набошанд ва ронандагон бояд аз тренингҳои муқаддимавӣ ва ҷамъомадҳои тавҷеҳӣ ё фаҳмондадиҳӣ (пеш аз ҳаракат ва мавсимӣ) гузаранд. Ҳадафи тадбирҳои номбаршуда кам кардани хатари садамаҳо, таъмини амнияти амвол ва саломатии шаҳрвандон мебошад.

Лоиҳаи фармон аз 1 сентябри соли 2026 эътибор пайдо намуда, то 1 сентябри соли 2032 амал мекунад.

***

Дар Беларус низ ба қоидаҳои ҳамлу нақл тағйирот ворид карда шуд. Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Беларус аз 31 марти соли 2026 таҳти № 147 «Дар бораи интиқоли мусофирон ва борҳо» ба ҳукми иҷро даромад, хабар медиҳад Вазорати нақлиети ҶБ 2 апрел.

Тағйироти асосӣ дар қисми қоидаҳои интиқоли мусофирон инҳоянд:

- бо воситаи видеофиксатсия ҳатман муҷаҳҳаз кардани автобусҳое, ки мусофиронро интиқол медиҳанд;

- бо тасмаи бехатарӣ таҷҳизонидани нишастҳои мусофирбарӣ дар автобусҳо;

- истисно кардани меъёрҳо дар бораи аз таҳсили ҳатмӣ гузаштани ронандагон дар доираи барномаи курсҳои таълимӣ;

- ӯҳдадории интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои бастани шартномаи меҳнатӣ бо ронанда;

Тағйироти асосӣ дар қисми қоидаҳои интиқоли бор инҳоянд:

- бо воситаи видеофиксатсия ва дастгоҳҳои навигатсияи моҳвораӣ ҳатман муҷаҳҳаз кардани воситаҳои нақлиёти боркаш;

- бо таҷҳизоти махсус муҷаҳҳаз намудани бордони воситаҳои нақлиёти боркаш ҳангоми интиқоли чӯб бо мақсади пешгирии беҷо шудани бор.

***

Ба сохтмони роҳи оҳани бадландсуръати (РОБ) «Москва — Петербург» донишҷӯен ҷалб карда мешаванд. Барои сохтмони роҳи оҳани баландсуръат бори аввал донишҷӯен фиристода мешаванд.

Гурӯҳҳои аввал бояд тобистони имсол ба кор шурӯъ кунанд, хабар медиҳад 1 апрел Rosbalt.

Тавре муовини раиси Роҳи оҳани Русия Иван Колесников дар Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ дар Санкт-Петербург хабар дод, донишҷӯен моҳи август ба лоиҳа мепайванданд.