Дирӯз, 8 апрел, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо раванди ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи ҳамлу нақл ва имкониятҳои густариши минбаъдаи онро баррасӣ намуданд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз шарикони асосӣ ва боътимоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Гуфта шуд, табодули мол байни ду кишвар соли 2025 нисбат бо соли 2024 ба андозаи 28% ва дар се моҳи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50% афзоиш ёфтааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз раванди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаи ҳамлу нақл изҳори қаноатмандӣ ва бар зарурати суръат бахшидани иҷрои созишномаҳо ва тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳо таъкид намуд.
Дар навбати худ Алиризо Ҳақиқиён тазаккур дод, ки новобаста ба ваъзи баамаломада дар Шарқи наздик муносибатҳои байни ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг дар оянда тавсеа ва тақвият хоҳанд ёфт.
Сафири ҶИЭ аз мавқеи давлат ва мардуми Тоҷикистон ҷиҳати ҳамбастагӣ бо Эрон изҳори сипос намуд.