Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БИНОБАР АФЗУДАНИ ТЕЪДОДИ МУСОФИРОН. Аз 1 сентябр нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе 360 адад зиёд карда мешавад

Санаи нашр: 31-08-2026 Просмотрено: 2954

Дар Душанбе аз 1 сентябри соли равон шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ – автобусҳо, троллейбусҳо ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) – 360 адад ё 20 фоиз зиёд карда мешавад, хабар медиҳад Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон».

Бо оғози соли нави таҳсил шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳои пойтахт то нишондиҳандаҳои зерин зиёд карда мешавад:

–  410 автобус ва троллейбус ба ҷои 350 адад;

–  1200 микроавтобус (маршрутка) ба ҷои 900 адади ҳозира.

Микроавтобусҳои нав ба хатсайрҳои дорои ҷараени баландтарини мусофирон хизмат мерасонанд.

«Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар дод, ки қарор дар робита ба «афзоиши  теъдоди мусофирон бо сабаби оғози соли хониш» қабул шудааст. Ин таҷриба  чанд сол боз истифода мешавад.

Тибқи маълумоти манбаъ, ҳоло дар хатсайрҳои пойтахт 90 автобуси барқӣ ва 6 микроавтобуси барқӣ кор мекунанд. Дар назар аст, ки шумораи нақлиёти барқӣ, аз ҷумла микроавтобусҳои барқӣ то 40 адад зиёд карда шавад.

Дар айни замон ба сокинони шаҳр 12,5 ҳазор мошинҳои таксии 4 ширкат хизмат мерасонанд. Дар моҳи сентябр шумораи таксиҳо боз 500 адад зиёд карда, ба 13 ҳазор расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода ҳамроҳ бо намояндагони соҳаҳои нақлиёту тибби шаҳр кори нақлиети ҷамъиятии пойтахтро санҷида буд. Вай бо ронандагон сӯҳбат кард ва ба онҳое, ки аз субҳ то шом ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд, ташаккур гуфт. Ҳамзамон, аз онҳо хоҳиш кард, ки «воситаҳои нақлиёти худро ҳамеша дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ дошта, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмати арзанда ва босифат расонанд».