Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БАРОИ КОҲИШ ДОДАНИ ХАРОҶОТИ НАҚЛИЁТ ВА БЕҲДОШТИ ҲАМЛУ НАҚЛ. Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ кард

Санаи нашр: 01-09-2026 Просмотрено: 2539

Бонки Осиёии Рушд (БОР) ҷудо кардани 400 миллион долларро дар доираи механизми   маблағгузорӣ барои навсозии нуқтаҳои убури марзҳо, кам кардани хароҷоти нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин беҳтар сохтани ҳамлу нақли одамон ва  молу иаҳсулот дар минтақаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ, CAREC) тасдиқ кард. Дар ин бора 27 август БОР дар  сомонаи худ аз Манила (Филиппин) хабар дод.

Барномаи навсозии сарҳадҳо барои ҳамгироӣ, логистика ва рушд (BUILD)  ба сармоягузории афзалиятнок ба таҷдиди нуқтаҳои убури сарҳад ва таҳкими робитаҳо ва рақобатпазирӣ дар минтақаи ҲИМОМ мусоидат мекунад.

«Сарҳадот танҳо гузаргоҳҳои назоратӣ нестанд. Онҳо ба сифати дарвоза барои ташкили ҷойҳои корӣ, бозорҳои минтақавӣ ва имкониятҳои рафтуомад ва ба даст овардани даромад хизмат мекунанд, – гуфт Директори кулли БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Лия Гутйеррес. – Бонк  тавассути  BUILD   ба кишварҳои CARES кӯмак мекунад, ки сарҳадҳоро ҳарчи тезтар «ҳушманд» ва ба ҳам алоқаманд намоянд, бесамариро тавассути наздикшавии иқтисодиёт, тавсеаи бозорҳои фаромарзӣ ва долонҳои иқтисодӣ коҳиш диҳанд ва ба ин васила зиндагии миллионҳо одамонро дар саросари минтақа беҳтар созанд».

Бино ба гуфти ӯ, бо вуҷуди пешрафтҳои охир дар соҳаи робитаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ, нуқтаҳои убури марзҳо дар тамоми гузаргоҳҳои CARES бо сабаби афзоиши ҳаҷми тиҷорат, маҳдудиятҳои инфрасохтор ва қобилияти гузариш, инчунин зарурати навсозии минбаъдаи системаҳо ва расмиёти назорати сарҳадӣ як нуқтаи танг боқӣ мемонанд. Ин маҳдудиятҳо ба талафоти иқтисодӣ ва мушкилот барои ширкатҳои нақлиётӣ, тоҷирон ва мусофирон боис мегарданд ва  хавфи хариду фурӯши одамон, мушкилоти экологӣ ва хатарҳо ба саломатии ҷамъиятиро зиёд мекунанд.

Барномаи BUILD сармоягузории афзалиятнокро ба қаламравҳои сарҳадии кишварҳои CARES, аз ҷумла навсозии нуқтаҳои роҳи оҳан ва автомобилӣ дар буриши сарҳадҳоро маблағгузорӣ мекунад. Иншоот инфрасохтори муосир, системаҳои рақамӣ, таҷҳизоти  дорои технологияи муосири санҷиш ва расмиёти самараноктар ва мувофиқашудаи сарҳадро дар бар мегиранд, ки вақт ва арзиши убури сарҳадро коҳиш медиҳанд.

Ғайр аз он, лоиҳаи BUILD инчунин  имконоти сохториро тақвият мебахшад, ислоҳоти нақлиёт ва логистикаро дастгирӣ мекунад ва ба иштироки бештари бахши хусусӣ мусоидат  менамояд.

Барномаи BUILD ҳамзамон имкониятҳои сармоягузории бахши хусусиро фароҳам меорад ва иқтидори корхонаҳои хурд ва миёна дар соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонии нақлиётро барои иштирок дар тиҷорати минтақавӣ тақвият медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Директори  кулли Бонки Осиёии Рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Лея Гутйеррес як сол пеш, моҳи сентябри соли 2025 нахустин сафари худро ба Тоҷикистон анҷом дода, дар ҷараени он дастгирии дарозмуддати рушди ҷумҳуриро азбыониби БОР дар доираи Стратегияи таҳияшудаи шарикӣ бо кишвар барои солҳои 2026-2030 таъйид намуда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии Рушдроо яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон арзёбь намуданд.

«БОР шарикии пойдорро бо Тоҷикистон қадр ва аз дастовардҳои муштараки мо дар беҳбуди зиндагии мардум ифтихор мекунад. Мо ӯҳдадор ҳастем, ки дастгирии кӯшишҳои Ҳукуматро барои ноил шудан ба рушди устувор, фарогир ва гуногунҷабҳа идома диҳем. Мо инчунин нақша дорем, ки дастгирии рушди бахши хусусиро дар кишвар тақвият бахшем», – изҳор дошт дар навбати худ Гутйеррес.

Дар ҷараёни сафари худ Гутйеррес ҳамроҳ бо Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи шаҳраки Агентии обуҳавошиносии кишвар (ДАР АКС), ки дар доираи лоиҳаи грантии  БОР бунёд  шудааст, иштирок кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 марти соли 2026 бо Президенти Бонки Осиёёии Рушд Масато Канда мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот Президенти БОР ба ҷонибдории Ҳукумати Тоҷикистон дар пешбурди рушди устувор, гуногунҷабҳа ва фарогири иқтисодӣ ҷиҳати фароҳам овардани шумораи бештари ҷойҳои кории босифат  изҳори омодагӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 1998  бо БОР ҳамкорӣ мекунад. Дар тӯли 27 сол бонк бисёр лоиҳаҳои муҳими кишварро дастгирӣ ва дар маҷмӯъ зиёда аз 2,7 миллиард доллар кӯмак, аз ҷумла беш аз 2,2 миллиард доллар  қарзи бебозгашт пешниҳод кардааст. Аз ҷумла,  тавассути шарикии ҶТ бо  БОР  шоҳроҳҳои муҳими нақлиётӣ, аз қабили роҳҳои автомобилгарди «Обигарм Нуробод», «Душанбе Бохтар», «Айни Панҷакент», «Душанбе Турсунзода», «Восе Ховалинг» ва ғайра навсозӣ шудаанд.                                     

МАЪЛУМОТНОМА

ҲИМОМ – ин Барномаи шарикии Афғонистон, Озарбойҷон,  Чин, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошад, ки дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ба тараққиёти устувор ва пешрафти иқтисодӣ тавассути ҳамкории минтақавӣ мусоидат мекунанд.

Котиботи ҲИМОМ дар қароргоҳи Бонки Осиёии Рушд дар Филиппин ҷойгир аст.

Бонки Осиёии Рушд бонки пешрафта ва бисёрҷонибаи маблағгузор мебошад, ки рушди устувор ва фарогирро дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дастгирӣ мекунад.

БОР соли 1966 таъсис ёфтааст ва 69 аъзо  дорад, ки 50  узви он он дар минтақа ҷойгиранд.