31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод»-ро қабул намуд.Тибқи муқаррароти қатънома, оғоз аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад.
Қабули қатъномаи мазкур идомаи талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва истифодаи масъулиятноки технологияҳои нав мебошад. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии пешниҳодҳои қаблии Тоҷикистон, аз ҷумла қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад.
Интихоби 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ дорад, зеро 31 августи соли 1955 «Лоиҳаи тобистонаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ» (The Dartmouth Summer Research Project on Artificial Intelligence) пешниҳод гардид, ки ба ҳайси яке аз ташаббусҳои муҳими илмӣ дар ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи мустақили таҳқиқотӣ ва пайдоиши истилоҳи «зеҳни сунъӣ» маъруф аст.
Эълон гардидани Рӯзи байналмилалӣ заминаи ҷаҳонии мунтазамро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои рушд, татбиқ ва мудирияти зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод, инчунин барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешрафта дар ин самт фароҳам меорад.
Дар қатънома аз ниҳодҳо, барномаҳо ва фондҳои СММ, аз ҷумла Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия, Дафтари СММ оид ба технологияҳои рақамӣ ва зуҳуркунанда, Бонки технологии СММ барои кишварҳои камтараққӣ ва ЮНЕСКО ҷиҳати мусоидат ба кишварҳои узв дар таҳияи барномаҳои тақвияти иқтидори марбут ба зеҳни сунъӣ ва таҷлили солонаи Рӯзи байналмилалӣ даъват ба амал оварда шудааст.
Қабули қатънома саҳми боризи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули муколамаи ҷаҳонӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, уҳдадории кишварро дар пешбурди ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати инкишоф ва истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати рушди устувор ва тамоми инсоният тасдиқ менамояд. Хотиррасон мешавем, ки 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иброз намуданд, ки ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, алалхусус ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст ва мунтазам фаҳмонида шавад.Зеро, ба таъкиди Сарвари давлат, зарар ё фоидаи технологияҳои нав аз он вобаста аст, ки мо онҳоро чӣ гуна истифода мебарем.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки ҳама гуна иттилоот хусусияти синнусолӣ дорад. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин меъёр умуман риоя намегардад ва бо ҳамин сабаб қисми зиёди кӯдакону наврасон, аллакай таҳти таъсири манфии чунин иттилоот қарор гирифтаанд.
«Истифодаи бемеъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст. Хонандагон ба ҷои он, ки китоб хонанд, малакаҳои худро ташаккул диҳанд ё ба варзиш машғул шаванд, соатҳои зиёдро дар фазои маҷозии шабакаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд»,-изҳори нигаронӣ намуданд Президенти мамлакат.
Ба таъкиди Пешвои миллат, кӯдакону наврасон ояндаи миллатанд ва мо наметавонем, ки нисбат ба масъалаи солимии онҳо, яъне ояндаи миллат бетараф бошем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш доданд, ки дар муддати се моҳ тадбирҳоро барои фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ карда, оид ба роҳҳои ҳалли он ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.