Тибқи дасутуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои таҷдид ва азнавсозии роҳҳои навтомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии кишвар бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ пайваста мулоуоту гуфтушунидҳо доир менамояд.
24 сентябри соли 2026 вохӯрии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари навтаъини минтақавии Гуруҳи Бонки Исломии Рушд (IsDB) Ҳамад Зафар Хундал (Hammad Zafar Hundal) доир гардид. Зимини вохурӣ ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории роҳу нақлиётро муҳокима намуданд.
Сараввал Вазири нақлиёти Тоҷикистон Ҳаммад Зафар Ҳундалро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи роҳбари Намояндагии минтақавии Бонки Исломии Рушд табрик гуфт ва изҳори итминон кард, ки дар давраи роҳбарии Ҳаммад Зафар Ҳундал ҳамкории судманди минбаъдаи Тоҷикистон ва БИР рушду тавсеа хоҳад ёфт.
Вазири нақлиёти ҶТ ҳайати меҳмононро ба Вазорати нақлиёт хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Бонки исломии Рушд ҳануз аз солҳои 2000-ум ҳамкориро ба роҳ монда, то имрӯз ба як қатор дастовардҳо ноил гардидаанд. Гуфта шуд, Бонк дар татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва азнавсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалии кишвар саҳми арзанда гузоштааст.
Ҳамад Зафар аз саъю кушиши роҳбарияти вазорат ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, сари вақт ва бо сатҳу сифати ба талабот ҷавобгӯ ба анҷом расонидани лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонк маблағгузорӣ мешаванд, изҳори қаноатмандӣ карда, илова намуд ки Бонки Исломии Рушд минбаъд низ барои рушди соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро идома мебахшад.
Зимни мулоқот масъалаи рушди долонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла долони мултимодалии «Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия- Аврупо» мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт. Ҳамад Зафар таъйид намуд, ки Бонки Исломии Рушд ҷиҳати рушди долонҳои байналмилалӣ, ки барои табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари транзитии минтақавӣ мусоидат менамоянд, ҳавасманд буда, дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самт ҳамкориро бо ҷониби Тоҷикистон вусъат хоҳад бахшид.
Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди «Душанбе-Кулма», қисмати «Рушон –Варшез»- ро баррасӣ намуданд. Азим Иброҳим зикр намуд, ки роҳи мазкур қисмати долони мултимодалии байналмилалии «Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» буда, ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.
Мавриди зикр аст, ки дарозии роҳи автомобилгарди «Рушон – Варшез» 235 километрро ташкил намуда, он ба дастаи (категорияи) 3-юми роҳҳо шомил мебошад.
Бино ба натиҷаи гуфтушунидҳо, ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи мазкурро марҳила ба марҳила ба роҳ монда, дар марҳилаи якум 82,2 км ва дар марҳилаи дуюм 79,9 километри онро амалӣ менамоянд.