Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БИНОБАР ОБУ ҲАВОИ НОМУСОИД. Вазорати нақлиёт ҳушдор ва тавсия медиҳад…

Санаи нашр: 01-03-2024 Просмотрено: 1854

Дар робита ба номусоид шудани вазъи обу ҳаво Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиётро ба зарурати риояи низоми бехатари суръат ва масофа ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, инчунин худдорӣ аз ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бе зарурати ҳатмӣ ҷалб менамояд.

 

Рӯзҳои охир сард шудани ҳаво ва бориши барфи зиёд дар саросари кишвар ҳаракати воситаҳои нақлиётро то андозае душвор гардонд. Дар айни замон тамоми қувва ва воситаҳои хадамоти нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои тоза кардани роҳҳои автомобилгард сафарбар карда шудаанд.

 Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар қаламрави мамлакат обу ҳавои ноустувор боқӣ мемонад.

Дар аксари минтақаҳо боришот дар шакли борону барф пешбинӣ шудааст, ки он дар давоми рӯзи 3 март ва шаби 4 март шадид хоҳад буд.

5-6 март меғ (туман) мефарояд. Дар ин ҳолат дар ағбаҳо дидани роҳҳо то 500 метр хеле душвор мешавад.

   Дар шоҳроҳҳои «Душанбе-Чанак» ва «Душанбе-Кулма», инчунин дар роҳҳои ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ 4-7 март хатари фаромадани тарма ва яхбандӣ боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ронандагонро ба риояи қоидаҳои зерини бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷалб менамояд:

 Суръати баланд дар роҳ дар фасли зимистон комилан қобили қабул нест!

 Бо худ занҷирҳои зиддилағзиш доштан зарур аст, дар сурати тамбашавӣ ба хатти муқобили ҳаракат набароед, ба кори техникаи махсус, ки ба паҳн кардани маводи зиддилағзиш машғул мешаванд, монеа эҷод накунед.

 Дар роҳҳои автомобилгард масофаи 500 метрро байни воситаҳои нақлиёт риоя кардан лозим аст. 

Масъулияти бештар ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ вогузор шудааст, зеро онҳо вазифадоранд, ки ҳатто дар шароити мураккаби обу ҳаво ҳамлу нақли саривақтӣ ва бехатари мусофиронро таъмин намоянд.

Дар шароити душвори обу ҳаво, ба мақсади бехатарӣ, аз истифодаи нақлиёти автомобилӣ ва ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати шадид худдорӣ кунед.

 Аз ронандагони мошинҳои боркаш ва сабукрав хоҳиш мекунем, ки пеш аз сафар  тавассути  ағбаҳо ва роҳҳои куҳӣ  аз маълумот дар бораи  обу ҳаво  огоҳ шаванд.