Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

СОЯИ НИМРӮЗӢ. Дар Тоҷикистон маъракаи ҷумҳуриявӣ оид ба ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ оғоз шудааст

Санаи нашр: 04-02-2026 Просмотрено: 3199

Аз моҳи январ то марти соли равон дар Тоҷикистон маъракаи ҷумҳуриявӣ оид ба ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ эълон гардидааст, ки дар давоми он ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру деҳоти кишварамон намоишгоҳу фурӯши ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда баргузор мегардад.

Ин маърака дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду     озмунҳои  фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои  мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст,  гузаронида  мешавад.

Ҳадафи маъракаи умумимиллии шинондани дарахтон зиёд кардани майдони боғу токзорҳо, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом, тавсеаи содироти кишвар, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди «сабз», барқарорсозии ҷангалзорҳо, ҳалли мушкилоти экологӣ, пешгирии оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва таназзули заминҳои кишоварзӣ, коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ арзёбӣ шудааст.

Дар маъракаи шинондани дарахтон, кабудизоркунӣ ва ободонии ҳудудҳо кормандони соҳаи роҳу нақлиёти кишвар фаъолона иштирок мекунанд.

Дар моҳи январ дар шафати шоҳроҳи автомобилгарди «Бохтар – Левакант» зиёда аз 1000 бех дарахти ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд. Дар шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе – Турсунзода», қитъаи Ҳисор, дар наздикии роҳи автомобилгарди «Шоҳамбарӣ-Ҳисор» ва дигар мавзеҳои ин шаҳр дар асоси хулосаи олимон ва  риояи қоидаҳои агротехникӣ зиёда аз 2200 бех ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд. Дар наздикӯҳҳои роҳи автомобилгарди «Душанбе – Ваҳдат» барои кабудизоркунӣ зиеда аз 42 қитъа ҷудо карда шудааст. Дар ин қитъаҳо шинондани беш аз 42 ҳазор бутта ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи Барномаи миллии «Кишвари сабз»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 ноябри соли 2023 таҳти  рақами 544 тасдиқ шудааст, дар ҷумҳурӣ дар масоҳати ҳазорҳо гектар даҳҳо миллион бех дарахту буттаҳо шинонда мешаванд. Барнома ба коҳиш додани таъсири манфии омили инсон ба муҳити зист  нигаронида шудааст. Он дар ду марҳила амалӣ карда мешавад: марҳилаи аввал солҳои 2023-2025, марҳилаи дуюм солҳои 2026-2027-ро дар бар мегирад.Маблағи умумии лоиҳа 129 миллиону 875 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бояд зикр кард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 таҳти рақами 374 боз як санади муҳим дар ин самт – Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид. Тадбирҳо ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ, мутобиқ шудан ба равандҳои тағирёбии иқлим равона карда шудаанд.

Ба Вазорати нақлиёти кишвар супориш дода шудааст, ки то соли 2030 дар канори роҳҳои автомобилгард 5 миллион бех  ниҳол, аз ҷумла санавбар ва дигар навъи дарахтони ороишию сояафкан ва ҳамешасабз шинонад.

Аз ҷумла, тадбирҳо оид ба кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар қитъаҳои роҳҳои автомобилгарди «Душанб – Қулма» ва «Душанбе – Чанак», аз ҷумла дар  шафати роҳҳои автомобилгарди «Айнӣ – Панҷакент», «Обигарм – Нуробод», «Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт», «Данғара –  Левакант – Бохтар», «Қалъаи Хумб – Ванч», «Қизилқала – Бохтар», «Душанбе – Бохтар», «Бекобод – Бобоҷон Ғафуров – Конибодом», «Гулистон – Фархор», «Ҷ. Балхӣ – Қабодиён – Шаҳритус», «Данғара – Гулистон – Кӯлоб, «Рӯшон – Хоруғ – Қулма», «Хуҷанд – Конибодом», «Хуҷанд – Ашт»  ба нақша гирифта шудаанд.

Шинонидани дарахтон дар қад-қади роҳҳо бо мақсади муҳофизат аз тӯдаи барфу қум дар баҳору зимистон ва тирамоҳ, эҷоди  зебоӣ ва  роҳат (хиёбонҳои сабз намуди гуворо ташкил медиҳанд, асабонияти ронандагонро коҳиш медиҳанд ва дар ҳавои гарм сояро таъмин мекунанд, гармшавии  муми роҳро кам мекунанд), паст кардани садои нақлиёт, мӯътадилсозии роҳ (решаҳои дарахтон заминро мустаҳкам намуда, эрозияи замин ва вайроншавии роҳро пешгирӣ мекунанд), баланд бардоштани бехатарии ҳаракат (дарахтон  монеаҳои табие мебошанд, ки бероҳа шудани мошинҳоро   пешгирӣ мекунанд, аз чашмро чароғҳои мошинҳои рӯбарӯ ё нури офтоб муҳофизат мекунанд, сарҳадҳои роҳро ба таври визуалӣ нишон медиҳанд) ва ғайра муҳим аст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду     озмунҳои  фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои  мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», маъракаи ҷумҳуриявии шинондани дарахтон  дар моҳҳои ноябр-декабри соли равон низ ба нақша гирифта шудааст.