Дар Тоҷикистон 5 - 6 феврал боришоти шадид ва хатари баланди тармафароӣ дар назар аст. Дар ин бора маркази матбуоти Агентии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар дод.
Тибқи маълумоти ин идора, дар ағбаҳои кӯҳӣ боришоти шадид ба амал меояд. Ҳаракати нақлиёт душвор хоҳад шуд, туман сатҳи биниши роҳро коҳиш медиҳад, хавфи баланди тармафароӣ пешгӯӣ карда мешавад. Гуфта мешавад, ки дар водиҳо ва минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ борон ба барф мегузарад, дар кӯҳҳо барфи фаровон меборад. Дар баъзе ҷойҳо паст шудани ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа сардӣ ва яхбандӣ пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, 5 феврал дар қитъаҳои хатарноки роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чанак», дар қитъаҳои километри 48-82, хусусан қитъаи роҳи «Майхура – Зидеҳ»-и ноҳияи Варзоб ва мавзеи «Зимарғ»-и ноҳияи Айнӣ, инчунин дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма мавҷуд аст.
Тавре Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратии рӯзи душанбе, 2 феврал таъкид намуд, ба муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои шаҳру ноҳияҳо супориш дода шудааст, ки дар ҳолати омодагии баланд ба вокуниши фаврӣ қарор дошта бошанд.
Ронандагони воситаҳои нақлиёт бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд, талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, чароғакҳои роҳнамо, аломатҳо ва нишонаҳои роҳро қатъиян риоя кунанд, ба самти муқобили ҳаракат набароянд, дар роҳҳо хатти устуворро убур накунанд. Соҳибони мошинҳое, ки бояд тавассути минтақаҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ҳаракат кунанд, бояст чархҳои тобистонаро пешакӣ ба чархҳои зимистона иваз намоянд.
Ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати БДА ВКД ҶТ назорати риояи табирҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро пурзӯр намояд.