Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

НАҚЛИЁТ ВА РОҲҲО ИМКОН МЕДИҲАНД, КИ РОБИТАҲОИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ МУСТАҲКАМ КАРДА ШАВАНД. Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Покистон 1,6 баробар афзудааст

Санаи нашр: 10-02-2026 Просмотрено: 3841

Соли 2025 гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 43 миллион долларро ташкил дод. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5 феврал хабар додааст.

 

Агар ҳаҷми тиҷорат миёни  Тоҷикистон ва Покистон дар соли 2000, тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, 0,2 миллион ва дар соли 2020 – 25,8 миллион доллари ИМА - ро ташкил дода бошад, пас соли гузашта ин рақам ба 43 миллион доллари ИМА расид, яъне он нисбат ба соли 2025 1,67 маротиба (40%) ва  дар муқоиса бо соли 2000 бошад, 215 маротиба афзудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистону Покистон асосан тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад.

Ҳамкории дуҷониба дар ин самт дар асоси Созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар имзошуда «Дар бораи нақлиёти байналмилалии автомобилӣ» ва Созишнома «Дар бораи савдои транзитӣ», ки 14 декабри соли 2022 дар ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон байни ҳукуматҳои ду кишвар ба имзо расид ва дар таърихи ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ саҳифаи нав боз намуд, амалӣ карда мешавад.

1 апрели соли 2024 аз ҷониби Ширкати миллии логистикии Покистон (NLC) бори аввал миёдори калони борҳо тавассути корвони автомобилӣ ба Тоҷикистон ворид карда шуд. Дар терминали ҶСК «Тоҷиквнештранс» дар шаҳри Душанбе меҳмонони Покистонро дар ҳайати Директори  кулли  NLC Фаррух Шаҳзода Рао, Сафири фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар ва дигарон ҳайати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим пазироӣ намуд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон меҳмононро хайра мақдам гуфта,  тазаккур дод, ки созишнома оид ба савдои транзитӣ ба рушди тиҷорат, интиқоли байналмилалии борҳо бо истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёт, афзоиши гардиши мол ва фароҳам овардани шароити мусоид барои воридот ва содирот байни Тоҷикистону Покистон равона шудааст.

«Нақлиёт ва роҳҳо имкон медиҳанд, ки робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ мустаҳкам карда шаванд, — изҳор дошт ӯ. — Афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ ва истифодаи пурраи иқтидори транзитии кишвари мо яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи амалии созишномаи зикршуда барои  ноил шудан ба ин ҳадаф мусоидат менамояд, ки мо имрӯз шоҳиди он шудем».

 Ба гуфтаи Вазир, ин ташаббус барои ворид шудан ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон ва пайвастшавӣ бо долони иқтисодии Чин ва Покистон бо истифода аз ҳамлу нақли мултимодалӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад, ки  ҷиҳати рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли бор байни ду кишвар  муҳим аст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии хатсайри автомобилии «Душанбе-Исломобод» 1044 км буда, барои ворид шудан ба бандарҳои баҳрӣ долони қулай мебошад.  Ҳамзамон бояд зикр кард, ки Тоҷикистону Покистон минбаъд низ баррасии масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ҳамлу нақли бор миёни кишварҳо идома медиҳанд.

Моҳи сентябри соли 2025 дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни кишварҳо баргузор шуданд, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои нақлиеёи заминӣ, роҳи оҳан, рушди инфрасохтори логистикӣ ва имкониятҳои транзитӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳияи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла таъсиси марказҳои логистикӣ  бо мақсади афзоиши ҳамлу нақли бор миени Тоҷикистону Покистон иброз доштанд.