Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОН!..». Дар Тоҷикистон андозаи нави ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эътибор пайдо карданд

Санаи нашр: 12-02-2026 Просмотрено: 3895

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ даъват ба амал оварданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тақвият дода шаванд.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аъзои палатаи болоии парлумон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват намуданд, ки моҳият ва аҳамияти тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардидаро дар самти пурзӯр намудани масъулият барои риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  ба аҳолӣ  шарҳу тавзеҳ диҳанд. Дар ин бора Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки 6 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,  таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2026 дар Тоҷикистон нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо ҳангоми муайян кардани андозаи ҷаримаҳо, андозҳо, боҷҳои давлатӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва як қатор пардохтҳои дигар аз 75 то 78 сомонӣ боло бурда шуд. Ин дар Қонун "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2025 таҳти рақами 2203 тасдиқ гардид, муқаррар карда шудааст.

Дар робита ба ин, андозаи ҷаримаҳо барои вайрон кардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ тағйир ёфт.

Дар зер, мо қонуншиканиҳои маъмултаринро, ки ронандагон содир мекунанд, муаррифӣ мекунем ва маблағи ҷаримаҳоро дар муқоиса нишон медиҳем.

ИДОРАКУНИИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ: соли 2025 22500 сомонӣ; соли 2026 – 23400 сомонӣ. Фарқият– 900 сомонӣ.

ИДОРАКУНИИ ВОСИТАИ НАҚЛИЕТ БИДУНИ ШАҲОДАТНОМАИ РОНАНДАГӢ: соли 2025 – то 22500 сомонӣ; соли 2026 – то 23400 сомонӣ.  Фарқият – 900 сомони.

ИДОРАКУНИИ НАҚЛИЁТ АЗ ҶОНИБИ ШАХСЕ, КИ ҲУҚУҚИ ИДОРАКУНӢ НАДОРАД ВА ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ ҚАРОР ДОРАД: соли 2025 – 30000 сомонӣ; соли 2026 – 31200 сомонӣ.  Фарқият –1200 сомонӣ.

ТАШКИЛ ВА ИШТИРОК ДАР ПОЙГАҲОИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ: соли 2025 – то 30000 сомони; соли  2026 – то 31200 сомони. Фарқият – 1200 сомони.

ИДОРАКУНИИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ БЕ РАҚАМИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ, БО РАҚАМИ ХОНДАНАШАВАНДА Ё РАҚАМИ БО ТАРТИБИ МУҚАРРАРШУДА БА ҚАЙД ГИРИФТАНАШУДА: соли 2025 – то 375 сомонӣ; соли 2026 – то 390 сомонӣ. Фарқият – 15 сомонӣ.

ИДОРАКУНИИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ БИДУНИ ГУЗАШТАН АЗ МУОИНАИ ТЕХНИКӢ ВА СУҒУРТАИ ҲАТМӢ: соли 2025 – то 225 сомонӣ; соли 2026 – то 234 сомонӣ. Фарқият – 9 сомонӣ.

ИТОАТ НАКАРДАН БА ОГОҲИҲОИ (СИГНАЛҲОИ)  ЧАРОҒАКИ РОҲНАМО Ё ТАЛАБОТИ  НОЗИРИ РОҲ: соли  2025 – то 375 сомонӣ; соли 2026 –то 390 сомонӣ. Фарқият – 15 сомонӣ.

ИСТОДАН Ё ТАВАҚҚУФ КАРДАНИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ ДАР ҶОЙҲОИ МАНЪШУДА: соли 2025 – то 525 сомонӣ; соли 2026 – то 546 сомонӣ.  Фарқият– 21 сомони.

ТАРК КАРДАНИ ҶОИ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ АЗ ҶОНИБИ ИШТИРОКЧИИ ОН: соли 2025 – то 525 сомонӣ; соли 2026 – то 546 сомонӣ.  Фарқият – 21 сомонӣ.

ИДОРАКУНИИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ БО ШИШАҲОИ СИЁҲУ ХИРА: соли 2025 – то 11250 омонӣ; соли 2026 –то 11700 сомонӣ. Фарқият –450 сомонӣ.

ИДОРАКУНИИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ БО ЧАМБАРАК АЗ ТАРАФИ РОСТ:  соли 2025 – то 11250 сомонӣ; соли 2026 – то 11700 сомонӣ. Фарқият – 450 сомонӣ.

ЭҶОДИ ВАЗЪИЯТИ САДАМАВӢ: соли 2025 – то 375 сомонӣ; соли 2026 – то 390 сомонӣ. Фарқият – 15 сомонӣ.

РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОИДАҲОИ МАҲДУДИЯТИ СУРЪАТИ ҲАРАКАТ, ПЕШ ГУЗАШТАН, ТАҒЙИРИ САМТИ ҲАРАКАТ  ВА УБУРИ ЧОРРОҲАҲО: соли 2025 – то 525 сомонӣ; соли 2026  – то 546 сомонӣ.  Фарқият– 21 сомонӣ.

ИНТИҚОЛИ МУСОФИРОН АЗ МЕЪЁРИ МУҚАРРАРШУДА ЗИЁД ДАР АФТОМОБИЛҲО, АВТОБУСҲО ВА МИКРОАВТОБУСҲО: соли 2025 – то  375 сомонӣ; соли 2026 – то 390 сомонӣ. Фарқият – 15 сомонӣ.

РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОИДАҲОИ ИНТИҚОЛИ БОРҲОИ ХАТАРНОК, КАЛОНҲАҶМ ВА ВАЗНИН: соли 2025 – то   5250 сомонӣ; соли 2026 – то 5460 сомонӣ. Фарқият – 210 сомонӣ.  

ИНТИҚОЛИ БОРҲОИ КАЛОНҲАҶМ ВА ВАЗНИН БИДУНИ ГУВОҲИНОМАИ (СЕРТИФИКАТИ) ДАХЛДОР: Шахсони воқеӣ: соли 2025 – то  5250 сомонӣ; соли  2026 – то  5460 сомонӣ. Фарқият – 210 сомонӣ.  

Шахсони мансабдор: соли 2025 – то 11250  сомонӣ; соли  2026 – то 11700 сомонӣ. Фарқият – 450  сомонӣ.

Шахсони ҳуқуқӣ: соли 2025 –  то 37500 сомонӣ;  соли 2026  – то 39000 сомонӣ.  Фарқият – 1500 сомонӣ.