Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Идораи экология ва сайеҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мошингарди «Душанбе-Бохтар» амалиети «Ҳавои тоза» - ро гузарониданд.Дар ин бора 12 феврал НИАТ Ховар бо истинод ба маркази матбуотии Кумита хабар дод.
Ин тадбир дар асоси Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи аввали соли 2026 бо мақсади беҳтар намудани сифати ҳаво ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ташкил карда шудааст.
Нисбати 7 нафар ронандае, ки аз санҷиши ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёт нагузаштаанд ва меъёрҳои муқарраршудаи партовҳои гази карбонро риоя накардаанд, протоколҳо дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Бо ронандагони воситаҳои нақлиёт оид ба риояи меъёрҳо ва талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин қоидаҳои ободонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
***
Дар ду канори роҳи автомобилгарди «Данғара – Душанбе» зиёда аз 4000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонда шуданд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад.
Назорати нигоҳубини ниҳолҳои нав ба зиммаи сохторҳои масъул вогузор шудааст.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи Барномаи давлатииабудизоркунӣ доир гардид.. Тибқи барнома дар вилояти Хатлон дар соли 2026 шинондани 600 ҳазор бех дарахт, инчунин зиёда аз 9 миллион гулу буттаҳо ба нақша гирифта шудааст.
***
Тоҷикистон гардиши молро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод. Дар моҳҳои январ-декабри соли 2025 ҷумҳурӣ бо 127 кишвар, аз ҷумла 10 кишвари Иттиҳод ва 117 кишвари хориҷи дур муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. Дар ин бора рӯзи 9 феврал дар нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар дода шуд.
Гуфта шуд, ки тиҷорати хориҷии кишвар дар соли 2025 ба андозаи 124,1 миллион доллар афзудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 наздики 12,3% зиёд аст.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки гардиши мол бо кишварҳои ИДМ дар моҳи охири соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 163,9 миллион доллар ё 42,3% афзудааст.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷии дур 39,6 миллион доллар (6,4%) коҳиш ёфтааст.
Афзоиши ҳаҷми содироти кишвар низ зикр карда шуд. Он 2,4 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш 540,5 миллион доллар ё 27,7% зиёд аст.
Шарикони асосии содироти Тоҷикистон Чин (21,1% аз ҳаҷми умумӣ), Нидерландия (16,3%), Швейтсария (13,3%), Узбекистон (11,1%), Русия (9,7%), Туркия (8,6%), Эрон (4,5%), Қазоқистон (3,4%), Белгия (3,3%) ва дигар кишварҳо мебошанд.
***
Дар канори роҳи ёдгории Панҷакенти қадим ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, дар ин ҷо беш аз 600 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд.
Масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва мамнуъгоҳи таърихӣ – бостоншиносии «Саразм-Панҷакенти қадим» барои идомаи ниҳолшинонӣ дар ин минтақа ва нигоҳубини он вазифадор гардиданд.
***
Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар шафати роҳи «Бохтар-Душанбе» маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд. Дар ин хусус 11 феврал АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ 1500 бех ниҳоли сӯзанбарг ва 1000 бех ниҳоли писта шинонида шуд. Ниҳолҳои шинонида дар оянда ба зебоии манзараи роҳ, беҳтар гардидани ҳавои тоза ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамоянд.
Ин ташаббус ҳамзамон дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Ҳадафи асосии он саҳмгузорӣ дар ободонии муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии минтақа ва афзоиши майдонҳои сабз мебошад.
Иброз гардид, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дошта, мақсад аз он боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободонӣ ва саҳм гузоштан дар рушди устувори минтақа мебошад.
ДАР МИНТАҚА
Дар Қазоқистон аз пошидани намак ба роҳҳо даст кашиданд. Вазорати нақлиёти ин кишвар гуфт, ки дар Қазоқистон барои коркарди роҳҳо дар вақти яхбандӣ бар ивази намак технологияро истифода мебаранд, хабар додааст nur.kz.
Дар сомонаи Вазорати нақлиёт хабар дода шуд, ки ҳангоми тадбирҳои пешгирии яхбандӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин истифодаи намак тибқи банди 9 моддаи 238 Кодекси экологии ҶТ манъ аст. Зикр кара мешавад, ки он ба хок, ниҳолҳои сабз ва экосистемаи шаҳр таъсири манфӣ мерасонад.
Тибқи маълумоти коршиносони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии роҳҳои Қазоқистон, солҳои охир ҳама маводҳо ва технологияҳои нав, ки дар соҳаи роҳдорӣ истифода мешаванд, дар пойгоҳи ягонаи масолеҳи роҳсозӣ ва технологияҳои нав ба қайд гирифта мешаванд, ки ҳамчун воситаи интихоб ва назорати сифати қарорҳои санҷидашуда хизмат мекунанд.
«Имрӯз дар пойгоҳ тақрибан 5 маводи ватании зидди яхбандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки барои нигоҳдории зимистонаи шабакаи кӯчаю роҳҳо пешбинӣ шудаанд. Дар байни онҳо ҳам реагентҳои хушк ва ҳам моеъ мавҷуданд, ки имкон медиҳанд технология бо назардошти шароити иқлимӣ ва истифодаи минтақаҳо интихоб карда шавад» - гуфтанд дар вазорат.
***
Узбекистон тавассути Покистон ба уқёнуси ҷаҳонӣ дастрасии мустақим пайдо намуд. Ҳайати Вазорати нақлиёти Узбекистон бо роҳбарияти бандари Қарочӣ дар бораи ташкили истифодаи иқтидори анбори ҷудошуда барои хизматрасонии борҳои содиротӣ-воридотӣ мувофиқа кард. Дар ин бора 5 феврал podrobno.uz хабар дод.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар Покистон ҷонибҳо ҷиҳати ҷудо кардани қитъаҳои замин ва майдонҳои тайёр барои таъсиси терминалҳои логистикии Узбекистон ба мувофиқа расиданд, ки ин ба интиқолдиҳандагони узбек имкон медиҳад раванди ҷамъоварӣ ва тақсимоти молҳоро дар бандари баҳрӣ мустақилона, бе хизматрасонии операторони беруна, идора кунанд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои транзит ва додани имтиёзҳо ба сармоягузороне, ки омодаанд ба рушди инфрасохтори бандар сармоягузорӣ кунанд, дода шудааст.
Анборҳои худӣ дар Қарочӣ нуқтаи ниҳоии долони нақлиётии ҷанубӣ хоҳанд буд ва ба Узбекистон дастрасии мустақим ба уқёнуси ҷаҳониро таъмин мекунанд. Татбиқи лоиҳа ҳуҷҷаткунонии борҳоро осон мегардонад ва мӯҳлати коркарди онҳоро тавассути ҳамгироӣ бо системаҳои рақамии бандар коҳиш медиҳад.
Лоиҳаи бунёди долони мультимодалии «Беларус-Русия-Қазоқистон-Узбекистон-Афғонистон-Покистон» кишварҳои ИДМ-ро бо бандарҳои обҳои амиқи Гуводар ва Қарочӣ мепайвандад.
***
«Муҳим – тавба кардан»: дар Узбекистон ба ронандагон иҷозат дода шудааст, ки дар як сол як маротиба қонуншиканӣ кунанд. Дар ин кишвари ҳамсоя ташаббуси навбатии баҳсбарангез қонунӣ карда шуд ва аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси шадид ба вуҷуд овард. Акнун ба ронандагоне, ки ба ном «қонуншиканиҳои ночиз» содир кардаанд, аввал огоҳии маъмурӣ дода мешавад, на ҷарима. Қонуни дахлдорро Президенти кишвар Ш. Мирзиёев имзо кардааст, хабар медиҳад 5 феврал news.mail.ru.
Дар асл, ин тағйирот маънои онро дорад, ки ҳар як ронанда дар як сол як маротиба имконияти расмии аз ҷарима халос шуданро аз рӯи як қатор моддаҳои Еодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мегирад. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон чунин таҷриба вуҷуд дорад – ронанда барои қонуншикании аввал ҷарима карда намешавад, балки танҳо огоҳӣ мегирад ва ба ӯ хавфҳо, оқибатҳои қонуншиканӣ ва масъулияфти ронандаро дар сурати нақзи ин ё он моддаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мефаҳмонанд ва дар ин бора ҳуҷҷат тартиб медиҳанд, ки он дар компютер нигоҳ дошта мешавад.
***
Дар Туркманистон расмиёти иҷозатномадиҳӣ барои боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ содда карда шуд. Президенти ин кишвар Сардор Бердимуҳаммадов «Тартиби иҷозатномадиҳии фаъолияти боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ» - ро тасдиқ намуд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти автомобилии Туркманистон хабар дод.
Тартиби мазкур талабот ва шартҳои соддакардашудаи гирифтани иҷозатномаро барои интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ мекунад ва инчунин рӯйхати ҳуҷҷатҳои заруриро такмил медиҳад.
Аллакай аз моҳи январи соли 2026 Вазорати нақлиёти автомобилии Туркманистон қабули ҳуҷҷатҳоро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оғоз кард. Дар минтақаҳои кишвар имконияти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тавассути системаи алоқа таъмин карда шудааст.
ДАР ҶАҲОН
Дар Олмон ҳамкории Тоҷикистонро бо Пажӯҳишгогҳи тадқиқоти автомобилӣ ва раиси кластери «HZwo» баррасӣ карданд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон Имомудин Сатторов дар шаҳри Кемнитс бо Роҳбари кафедраи системаҳои пешрафтаи ғизо дар Донишгоҳи техникии Кемнитс, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти автомобилӣ ва раиси кластери (маҷмааи) «HZwo» оид ба ҳидроген ва элементҳои сӯзишворӣ Томас фон Унверт мулоқот кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ҶТ дар ҶФО хабар дод, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи «ҳидрогени сабз», аз ҷумла бо такя ба иқтидори энергетикии кишвар, инчунин дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт баррасӣ карданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва муҳокимаи шаклҳои амалии ҳамкорӣ изҳор намуданд.
***
Вазорати нақлиёти Беларус харита- тарҳи роҳҳоеро нашр кард, ки таъмирашон дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Соли 2026 дар ин ҷо таъмири тақрибан 5,2 ҳазор км роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Агентии давлатии иттилоотии «БелТА» хабар медиҳад.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати нақли1т ва коммуникатсияи ҶБ изҳор доштанд, 1 ҳазору 853 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 3 ҳазору 338 км роҳҳои маҳаллӣ нав карда мешаванд. Аз ин шумора дар 714 км тарҳрезии пӯшиши такмилёфта, аз ҷумла дар роҳҳое, ки ба агрошаҳрҳо мебаранд, пешбинӣ шудааст.
Маълумот дар бораи барномаи таъмир, аз ҷумла тарҳрезии фарогирии мукаммал дар сомонаи расмии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҷойгир карда шудааст.
Шабакаи роҳҳои автомобилгард дар ҷумҳурӣ аллакай ташкил шудааст. Барномаи давлатии «Роҳҳои Беларус» барои солҳои 2026-2030, чун барномаи қаблӣ, пеш аз ҳама ба ҳифзи ин шабака равона шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар тӯли панҷ сол на камтар аз 25 ҳазор км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ таъмир ва таҷдид карда мешаванд, ки нисбат ба панҷсолаи гузашта 1,4 маротиба зиед аст.
***
СММ муқаррароти ҷаҳониро барои бехатар ҷорӣ кардани мошинҳои худрон (бесарнишин) муаррифӣ кард. Созмони Милали Муттаҳид Низомномаи глобалии системаҳои автоматикунонидашудаи ронандагиро пешниҳод кард, ки пас аз даҳ соли омӯзиши технологӣ ва ду соли машваратҳои тезутунди байналмилалӣ таҳия шудааст, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти СММ.
Ҳуҷҷат ба таъмини истифодаи бехатари воситаҳои нақлиёти комилан мустақил нигаронида шудааст. Тавре зикр гардид, ҳанӯз даҳ сол пеш бисёре аз коршиносон пешгӯӣ карда буданд, ки мошинҳои бидуни ронанда то соли 2020 маъмул хоҳанд шуд. Бо вуҷуди ин ва пешрафти назарраси технологӣ, ҷорӣ кардани чунин воситаҳои нақлиёт таҳқиқот, таҳия ва ташаккули заминаи меъёрии дақиқ ва боэътимодро тақозо кард.
Лоиҳаи низомнома аз ҷониби Гурӯҳи кории Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ оид ба воситаҳои нақлиёти автоматикунонидашуда, мустақил ва пайвастшуда дар ҷаласае, ки аз 19 то 23 январи соли 2026 баргузор шуд, тасдиқ гардид.
Ҳуҷҷат талаботи ягонаи бехатарӣ ва методологияи ягонаи санҷиши воситаҳои нақлиётро, ки бо системаҳои автоматикунонидашудаи ронандагӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд, муқаррар мекунад ва имкон медиҳад, ки мошинҳои комилан мустақил, ки назорати ронандаро талаб намекунанд, ба роҳҳо бароварда шаванд.
***
Чӣ тавр як тоҷикдухтари нозукандом дар Аврупо ронандаи мошинҳои боркаш шуд. Вай – Таманно Саидова (ДАР АКС) – зодаи 22-солаи Тоҷикистон аст, ки дар кишварҳои Аврупо ҳамчун ронандаи мошини боркаш кор мекунад. Ӯ пас аз таҳсил дар Қазоқистон як сол пеш, тибқи барномаи шуғл ба он ҷо рафта буд, менависад Your.tj.
Пас аз хатми мактаби маълумоти миёна Таманно дар факултаи забонҳои хориҷии яке аз донишгоҳҳои Русия маълумоти олӣ гирифт. Сипас ӯ дар Академияи аврупоии ронандагон дар Алмаатои Қазоқистон рондани мошинҳои боркашро омӯхт.
«Як сол пеш, пас аз таҳсил дар Академияи аврупоии ронандагон дар Қазоқистон, ман ба Аврупо назди падарам омадам», - мегӯяд ӯ.
Падари Таманно, Хайрулло Саидов, ки пештар ба Аврупо барои кор рафта буд, ҳоло ҳамкору мураббии духтараш мебошад.
Феълан Таманно дар Скандинавия, дар шимоли Аврупо кору зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, ба шарофати ғамхорӣ ва кӯмаки падараш, вай бо шавқу завқи зиёд корашро идома медиҳад.
Ҳар дафъае, ки падар бо ӯ вомехӯрад, қисми техникии мошини духтарашро месанҷад. Тамано дар навбати худ оши палави панҷакентӣ омода мекунад. Падару духтар соатҳо дар бораи ҳама чизҳое, ки дар роҳ дида буданд, сӯҳбат мекунанд.
Шавқи Таманно ба ронандагӣ ҳанӯз дар зодгоҳаш, вақте ки ӯ кӯдак буд ва бо падараш бо мошини ӯ ба сафар мебаромад, оғоз ёфт.
«Ман аввал дар ҳавлиамон ба мошини падарам савор мекардам ва ҳамин тавр ба ронандагӣ таваҷҷӯҳи зиёд пайдо кардам. Падарам ба ман ронандагиро омӯзонданд.Ҳамроҳи падар ман 95% Тоҷикистонро, аз Суғд то Бадахшони Кӯҳӣ сайр кардаам» , – изҳор дошт Таманно Саидова.
Ба гуфтаи Таманно, ӯ Тоҷикистонро сахт пазмон шудааст ва умедвор аст, ки бо амалӣ намудани нақшаву орзуҳои худ ба ватанаш баргардад.