Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«ЗИДДИ ФАСОД МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!». Дар Вазорати нақлиёт мулоқот бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир гардид

Санаи нашр: 19-02-2026 Просмотрено: 3293

17 феврал дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳуриии Тоҷикистон мулокот бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи (АНДММК) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Зидди фасод мубориза мебарем!» баргузор гардид.

Мулоқот таҳти раёсати муовини Вазири нақлиёти ҶТ Бобоёр Бобоёрзода сурат гирифт ва он ба масъалаҳои вобаста ба хавфи амалҳои коорупсионӣ, зарурияти роҳ надодан ва пешгирии онҳо бахшида шуд.

Дар мулоқот нозири калони раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ мубориза бо коррупсияи (АНДММК)  Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия Одил Абдуллозода, нозири раёсати муқовимат бо коррупсияи АНДММК, капитани хадамоти зидикорупсионӣ Файзиддин Ҳусейнзода, роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  ва идораю муассисаҳои тобеи вазорат ширкат намуданд.

Гуфта шуд, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеъаи ҷаҳонӣ алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ меандешад.

Ҳадаф аз баргузории мулоқоти мазкур нишон додани роҳу василаҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб, бетараф набудан ҳангоми бархӯрд бо омилҳои коррупсионӣ арзёбӣ гардид.

Намояндагони АНДММК дар назди ҳозирин ба сухан баромада, дар бораи моҳияти нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз ҷумла таъкиди Сарвар давлат оид ба сарфи максадноки маблағҳои буҷетӣ, назорати истифодаи самараноки неруи барқ ва дигар захоир ва амлоки давлатӣ, инчунин роҷеъ ба талаботи асосии Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030, тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ марбут ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1262 аз 21 июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ҳарф заданд.

Мулоқот дар фазои созанда ва зиддикоррупсионӣ сурат гирифт. Бо итминон метавон гуфт, ки  чунин тадбирҳо таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир бо ин падидаи зиёновар ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  шаҳрвандон хоҳанд расонид.