9 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин бора Агентии авиатсияи граждении назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа намояндагони ваколатдори Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (КБА) иштирок намуданд. Ҷаласаро Раиси Шӯро-Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ифтитоҳ намуд.
Иштирокчиёни ҷаласаро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим шодбош гуфт. Вазир фаъолияти 35-солаи Шӯро ва КБА-ро баланд арзёбӣ карда, саҳми мусбати онҳоро дар рушди авиатсияи граждании минтақа ва бехатарии парвозҳо зикр намуд.
Сипас Раиси КБА Олег Сторчевой ба иштирокчиёни ҷаласа ҳисобот дар бораи фаъолияти КБА ва таҳлили ҳолати бехатарии парвозҳоро дар давлатҳои иштирокчии Созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ дар соли 2025 пешниҳод кард.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла ҳолати бехатарии парвозҳо, ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва ташкили ҳаракати ҳавопаймоҳо, татбиқи санадҳои меъёрии байнидавлатии мувофиқашуда, стандартҳо ва қоидаҳои байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа як қатор қарорҳо қабул гардиданд, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории давлатҳои иштирокчӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ равона карда шудаанд.
Инчунин Барномаи CORSIA (Системаи ҷуброн ва коҳиши партовҳои гази карбон барои авиатсияи байналмилалӣ) низ баррасӣ карда шуд, ки татбиқи он дар давлатҳои минтақа аз соли 2027 оғоз меёбад.
Қарор шуд, ки ҷаласаи 49-уми Шӯро моҳи ноябри соли 2026 баргузор шавад ва ба 35-солагии имзои Созишнома ва таъсиси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ бахшида шавад.
Мавриди зикр аст, ки Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (КБА), ки соли 1991 таъсис ёфтааст, мақоми иҷроияи доимамалкунандаи Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи 47-уми Шӯро, ки 20 ноябри соли 2025 дар Маскав баргузор шуд, бо қарори роҳбарони ҳайатҳо раёсати Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Аз моҳи январи соли 2026 намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон-директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо қарори Шӯрои Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (КБА) ба муҳлати 3 сол Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ-ро роҳбарӣ мекунад.