Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 феврали соли 2026 таҳти № 101 Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шуд.
Барномаи панҷсола дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия шудааст.
Ҳуҷҷат раванди ояндаи рушди иқтисоди рақамиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таъйин намудани самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои миёнамӯҳлати дахлдор бо таваҷҷӯҳ ба ташаккули тафаккури рақамӣ дар доираи ҳадафҳои рушди устувор, ташкили иқтисодиёт дар асоси дониш, ихтироъ ва навоварӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ мувофиқи вазъи кунунии соҳаҳо муайян менамояд.
Барнома таъсиси инфрасохтори рақамӣ, рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, рушди зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти киберӣ, ташаккули экосистемаи инноватсионӣ, яъне муҳитеро, ки ба ҳамкории муассир, мубодилаи дониш, захираҳо, технология ҷиҳати таҳия ва тиҷоратикунонии маҳсулот, хизматрасониҳо ё технологияҳои нав, беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад, пешбинӣ менамояд.
Маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ тақрибан 2 366,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии корҳо оид ба таҳлил ва татбиқи Барнома ба зиммаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, он бояд ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои татбиқи Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои он маълумот пешниҳод намояд.
МАЪЛУМОТНОМАИ МО
Пойгоҳи e-hukumat.tj – ин платформаи ягонаи рақамӣ барои дархост, гирифтани маълумотномаҳо ва ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ мебошад. Гузинаи озмоишии портал моҳи марти соли 2025 оғоз мавриди истифода царор дода шуд.
Хизматрасониҳо дар портал аз рӯи бахшҳои нақлиёт, маориф, амволи ғайриманқул, хоҷагии манзилию коммуналӣ, маълумотномаҳо, гумрук ва ғайра бастабандӣ шудаанд.
Платформа барои дастгоҳҳои мобилӣ мутобиқ карда шудааст, имзои электрониро дастгирӣ ва бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ кор мекунад.
Ҳоло муштариён метавонанд имзои электронӣ гиранд, ваколатномаи ронандагӣ ё иҷозатномаи сохтмонро ба расмият дароранд.
Ба платформа аллакай сомонаҳои расмии муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пайваст карда шудаанд.