13 апрел Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии Абдул Ҳамид Халилӣ, ки ҷиҳати шиносоӣ бо рафти иҷрои марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ («БРАМОМ – 4») ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот кард.
Дар мулоқот коршиносони Бонки ҷаҳонӣ – ҳамоҳангсози лоиҳаҳо Зарина Абдулалиева, сармутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист Ҷулдиз Журумбетова, мутахассис оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ Маманбек Реймов, роҳбарият ва кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати нақлиёти ҶТ ширкат намуданд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки кишвари мо бо Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) зиёда аз 30 сол боз ҳамкорӣ дорад ва БҶ яке аз шарикони калидии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт маҳсуб меёбад.
«Сафари кунунии Гурӯҳи БҶ дорои аҳамияти махсус аст, зеро лоиҳаи «БРАМОМ – 4» дар марҳилаи ниҳоии татбиқ қарор дорад, аз ин рӯ мувофиқа кардани қадамҳои минбаъдаи амалӣ барои ба итмом расонидани ҳамаи тадбирҳои пешбинишуда, таъмини устувории натиҷаҳои бадастомада ва ташаккули замина барои марҳилаи навбатии ҳамкорӣ муҳим аст», – гуфт вазир.
Лоиҳаи «БРАМОМ – 4» таҷдиди беш аз 50 км роҳҳо дар чор қитъаи вилояти Суғд, бунёди пулҳо дар ВМКБ, ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР), дастгирии назорати сарҳадии боркашонӣ ва мусофиркашонӣ бо таҷҳизоти техникӣ, насби деворҳои муҳофизатӣ дар қитъаҳои кӯҳӣ ва маҷмӯи таҷҳизоти вазнченкунӣ (WIM) барои назорати воситаҳои нақлиёти гаронвазн, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, таъсиси Расадхонаи бехатарии роҳро дарбар мегирад.
«Бо дастгирии БҶ дар доираи лоиҳаи «БРАМОМ–4» мо аввалин Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ барои солҳои 2026–2040-ро таҳия кардем, ки бо ҳадафҳои Даҳсолаи амалиёти СММ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ мувофиқат мекунад. Имрӯз мо аллакай ба татбиқи амалии тадбирҳои озмоишӣ дар долонҳои афзалиятноки нақлиётӣ мегузарем»,– иброз дошт Вазири нақлиёти ҶТ ва илова намуд, ки ҳоло вазифаи асосӣ татбиқи ин стратегия мебошад. Барои ин, ба андешаи ӯ, дар ташкили системаи миллии маълумот оид ба садамаҳои нақлиётӣ, ҷорӣ намудани нозирот ва аудити бехатарии роҳҳо, рушди инфрасохтори идоракунии суръат ва гузаронидани корҳои васеи иттилоотӣ ва маърифатӣ дастгирӣ зарур аст.
Вазир изҳори итминон намуд, ки бо дастгирии доимӣ ва фаъоли Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи «БРАМОМ–4» дар Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд амалӣ карда мешавад.
Дар навбати худ, Абдул Ҳамид Ҳалилӣ ба роҳбарияти вазорат барои ҳамкории судманд изҳори сипос кард ва омодагии Гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт изҳор дошт.