Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ҶОПОН БАРОИ ТАҶДИДИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР ДАР ТОҶИКИСТОН МАБЛАҒ ҶУДО МЕКУНАД. Протоколи музокирот миёни Вазорати нақлиёти ҶТ ва Агентии JICA ба имзо расид

Санаи нашр: 17-04-2026 Просмотрено: 3501

16 апрел Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Мушовири калони бахши инфрасохтори Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Ҷопон (JICA) Фуҷино Томоюки мулоқот доир кард..

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мубодилаи афкор намуданд.

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ҳайати Ҷопонро, ки ба кишвари мо ташриф овардааст, хайрамақдам  гуфта, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша ба рушди робитаҳои дӯстона бо Ҷопон манфиатдор аст.

«Кишвари тулӯи офтоб» барои мо шарики боэътимод буда, дар рушди соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст ва моро пайваста дастгирӣ мекунад», – изҳор дошт ӯ.

Яке аз масъалаҳои калидӣ, ки дар ҷараёни мулоқот баррасӣ шуд, лоиҳаи  «Азавсозии пули мошингузар дар  даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат»  буд.  

Оид ба натиҷаи мулоқот Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва  Мушовири калони Агентии JICA Фуҷино Томоюки Протоколи музокиротро ҷиҳати дастгирии молиявии  лоиҳаи зикршуда ба имзо расониданд.

Мавриди зикр аст, ки ин лоиҳа бо дарназардошти вазъи техникии пули мошингузар дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат ва афзоиши тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар он таҳия ва зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон, ки 18-20 декабри соли 2025 дар доираи нахустин Саммити қолаби «Ҷопон +  Осиёи Марказӣ» сурат гирифт, пешниҳод гардида буд. Ҳукумати  Ҷопон  пешниҳоди Тоҷикистонро дастгирӣ кард ва барои марҳила ба марҳила татбиқ намудани лоиҳа ширкатҳои ҷопонии «CTI  Engineering International Co.» ва  «Yachiyo Engineering Engineering Co., Ltd.»-ро сафарбар намуд. 

Айни замон, мутахассисони ширкатҳои мазкур якҷо бо мутахассисони вазорат ҷиҳати гузаронидани корҳои омузишӣ дар пули мазкур корбариро оғоз намудаанд. Тибқи нақша ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки корҳои лоиҳакашии пули мазкур дар давоми шаш моҳ (то охири соли 2026) пурра ба анҷом расида, натиҷаи он барои корбарии минбаъда аз ҷониби ширкатҳои болозикр пешниҳод карда мешавад.

Фуҷино Томоюки, дар навбати худ, аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии ҷониби Ҷопонро ҷиҳати  дастгирии минбаъдаи лоиҳаҳо оид ба рушди соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон таъйид кард.

Қобили зикр аст, ки пули мазкур дар км 19-уми шоҳроҳи байналмилалии 800-километраи «Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма», дар болои дарёи Кофарниҳон солҳои 1960-1964 сохта шудааст. Айни замон, пули мазкур аз ду хати ҳаракат иборат аст ва акнун тибқи стандартҳои байналмилалӣ азнавсозӣ гардида, шумораи хатҳои ҳаракат дар он ба 4 адад расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон JICA дар соҳаи нақлиёт аз соли 1999 рӯ ба рушд  ниҳодааст. Яке аз нахустин лоиҳаҳое, ки ҷонибҳо ба татбиқи он шурӯъ карданд, лоиҳаи «Рушди самаранокии идоракунии пулҳо» буд, ки соли 2021 оғоз ёфта, соли 2024 ба анҷом расид.13 сентябри соли 2024 дар Душанбе семинари ҷамъбастӣ оид ба ин лоиҳа баргузор гардид. Гурӯҳи коршиносони JICA дар бораи натиҷаҳои он, аз ҷумла дар бораи бомуваффақият анҷом додани инвентаризатсияи санҷиши муҳандисӣ ва техникии 1643 адад пул дар Тоҷикистон гузориш доданд.

То имрӯз як қатор лоиҳаҳои хурду калон дар доираи кӯмакҳои грантӣ ва техникӣ, аз ҷумла таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Дӯстӣ – Панҷи Поён» (марҳилаҳои 1 ва 2), «Бохтар – Дӯстӣ», сохтмони терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва қитъаи роҳи «Қизилқалъа – Бохтар»- и шоҳроҳи «Душанбе – Бохтар» амалӣ гардидаанд.