Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ. Ба идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди кишвар таҷҳизоти муосири техникӣ тақдим карда шуд

Санаи нашр: 20-04-2026 Просмотрено: 4620

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и  вилоятҳо ва минтақаҳои кишвар 60 адад таҷҳизоти муосири техникӣ туҳфа карда шуд.

18 апрел дар расми қабули тӯҳфаҳо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, роҳбарони раёсату шуъбаҳои далдори вазорат ва муассисаҳои давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилоятҳо ва минтақаҳои мамлакат  иштирок намуданд.

Туҳфаи техникии Сарвари давлат абзори замонавиро амсоли дарзбур барои буриши асфалту бетон ва дигар маводҳои сахт, чакуш ва мошини барқию дитзелӣ барои фишурдасозии асфалт ва регу хок, дастгоҳи барқию дизелии кафшеркунӣ .ва ғайраро дар бар мегирад.  Ин дасгоҳу таҷҳизот ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар беҳдошт ва босамар гардонидани  корҳои  сохтмону таҷдид ва нигоҳдории роҳҳо  мусоидат хоҳанд намуд.

Ҳангоми супоридани техникаи нав Вазир аз шахсони масъул даъват кард, ки аз мошину  таҷҳизоти мазкур то ҳадди имкон самаранок ва  боэҳтиёт истифода намоянд.

«Нигоҳубини мунтазам, риояи дастурҳои истифодабарӣ  ва дигар тадбирҳо барои дароз кардани мӯҳлати истифодаи техника, кам кардани хароҷоти таъмир ва баланд бардоштани самаранокии умумии кор муҳим аст», - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки моҳи  майи соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автолмобилгарди минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазири Рашт ва Кӯлоб 10 адад техникаи нав – 5 боркунаки фронталии тамғаи «Lovol-FL», як экскаватори тасмачархи тамғаи «Lovol-FL-220D2» ва 4 адад автогрейдери тамғаи «Lutong Py180» тақдим гардида буд.

 Бо ҷаҳду талош ва дастгирию кумаки ҳамешагии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Вазорати нақлиёти ҶТ солҳои охир чанд лоиҳаи кумаки техникиро амалӣ намуд. Дар натиҷа ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои вилоятҳо ва минтақаҳо беш аз 700 адад техникаю таҷҳизоти пуриқтидору замонавӣ дастрас гардид.