Рўзи 26-уми январи соли равон ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи иҷроияи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси ин кумита Нуринисо Бобоева баргузор гардид, ки дар он Файзизода Исмоил Нарзӣ – муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иштирок дошт.
Нахуст Нуринисо Бобоева оид ба фаъолияти Кумита дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 сухан намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки Иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зеҳнии аҳли меҳнат корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Дар ҳайати кумитаи ҷумҳуриявии маҷмааи роҳу нақлиёт 5 кумитаи вилоятиву минтақавӣ, як кумитаи муттаҳида ва 182 ташкилоти Иттифоқи касаба фаъолият доранд. Ба 1 январи соли 2022 шумораи аъзои иттифоқи касабаи соҳа 7821 нафарро ташкил медиҳад.
Бо назардошти камбудию норасоиҳо дар кору фаъолият, кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузви он баҳри ҳамаҷониба ҷоннок кардани фаъолият ва амалӣ намудани нақшаҳои дарпешгузошта, тадбирҳои мақсаднок меандешад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттифоқҳои касаба» ва тартибу муҳлати бастани шартномаҳои коллективӣ эътибори хос зоҳир карда шуда, дастуру ҳадафҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон бармеояд, баҳри беҳтар гардидани шароити кор ва зисту зиндагонии аъзоёни иттифоқи касаба ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзоёни иттифоқи касаба саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад.
Дар ҷаласа ҳамчунин раисони ташкилоти ибтидои Иттифоқи касабаи корманди соҳа низ оид ба фаъолияти кориашон ҳисобот дода, таклифҳо ироа доштанд.